ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиши "Дастхатҳои нодир аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи таърихии вилояти Суғд" ифтитоҳ гардид.
Тавре АМИТ "Ховар" бо такя ба Осорхонаи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар расми ифтитоҳи намоиши мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва дӯстдорони таърихи пурғановати халқи тоҷик ширкат кардаанд.
"Меҳмонон метавонанд аз 50 адад китобу дастхатҳои нодир, ки аз фонди тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва фонди захиравии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ба маъраз гузошта шудаанд, боздид намоянд", -афзудааст манбаъ.
Бояд гуфт, ки "Қуръони Карим", "Мушкот-ул-масобиҳ", "Рашаҳотайн-ул-ҳаёт", "Маъориҷ-ун-нубувват фи мадориҷ-ил-футувват", "Ҳазору як шаб", "Тазкират-уш-шуъаро", "Ахлоқ-ул-муҳсинин", "Маҷмуаи маснавиёт ва девонҳо", "Юсуфу Зулайхо"- и А. Ҷомӣ аз зумраи китобҳои нодире мебошанд, ки дар намоишгоҳ ба маъраз гузошта шудаанд.
Зикр мешавад, ки нусхаҳои нодири дар намоиш гузошташуда фарогири мавзӯъҳои таърих, ирфон, ахлоқ, забону адабиёт, сарфу наҳви арабӣ ва фиқҳи ҳанафӣ буда, ҳамчунин дорои ҳунари волои хаттотӣ, саҳифабандӣ ва муқовасозӣ мебошанд.
Манбаъ афзуда, ки намоиши мазкур то 24 сентябр идома ёфта, меҳмонону сокинони пойтахт метавонанд аз он дидан намоянд.