ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, рӯзҳои 13-15 сентябри соли равон дар шаҳри Деҳлии ҷумҳурии Ҳиндустон Чемпионати Осиё оид ба самбо миёни наврасон, ҷавонон, калонсолон ва самбои размӣ миёни мардҳо доир гашт.
Дар чемпионат варзишгарон аз 21 давлати қора иштирок карданд.
“Ҷумҳурии моро дар ин мусобиқа 12 варзишгар намояндагӣ карда, ба гирифтани 11 медал – 3 тилло, 1 нуқра, 7 биринҷӣ мушарраф шуданд”, - омадааст дар иттилоияи Кумита.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки медалҳои тиллоро Шердил Алмосов дар вазни -74кг, Саидиброз Икромов дар вазни -90кг миёни ҷавонон ва Мирзоҷамил Рамазонов дар вазни -74кг миёни калонсолон ба даст оварданд.
Медали нуқраро Фирӯз Муъминов дар вазни -68кг миёни ҷавонон соҳиб шуд.
Миёни наврасон Комилҷон Ҳайдаралӣ дар вазни -56кг, Субҳон Мирзомуродзода -70кг, Муҳаммадҷон Зиёев -48кг, миёни калонсолон Талабшо Мунавваров -52кг, Ҳамроз Раҷабов -82кг, Одилҷон Сафаров +100кг ва дар самбои размӣ Худоёр Раҷабзода -68кг ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуданд.