Президент дар бораи бародараш: хоксору сахӣ буд, боре аз ман мансаб нахостааст-видео

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанВручение картины Президенту во время открытия дворца культуры
Вручение картины Президенту во время открытия дворца культуры - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара аз бародараш Нуриддин Раҳмон, ки моҳи октябри соли 2017 дар синни 67-солагӣ даргузашт, ёд карда, изҳор дошт, ки марҳум хоксору сахӣ буд ва ҳеч гоҳ аз ӯ мансабу вазифае нахостааст

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ҳафтаи гузашта дар пайи қабули мусаввара ба ҳайси туҳфа дар ноҳияи Данғара, аз бародари марҳумаш Нуриддин Раҳмон ёд кард.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, бо бародараш Нуриддин Раҳмон таги як курпа калон шудаанд ва ёд надорад, ки ба ҳамдигар боре гапи сахт зада бошанд.

"Охирон солҳо роҳбари хоҷагии деҳқонӣ буданд, қариб 1000 коргар доштанд. Бисёр хоксор буданд, дасти сахо доштанд, кумак мекарданд”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳур афзуд, ки Нуриддин Раҳмон дар тарбияаш саҳм дораду борҳо ӯро барои хондан ҳидоят кардааст.

“Бисёр азоб мекашиданд. Дасту панҷаашро медидам, шабу рӯз меҳнат мекарданд. Чандин маротиба ҳидоят карданд, ки бародар аҳволи маро дидӣ? Ту хон. Падару модарро ман нигоҳ мекунам, ту хон”, - зикр намуд Эмомалӣ Раҳмон аз насиҳатҳои бародар.

Раисиҷумҳур бо таассуф гуфт, саломатияшро нигоҳ дошта натавонистанд ва дуо кард, ки Худо ҷояшро ҷаннат кунад.

Эмомалӣ Раҳмон дар хитоб ба ҳозирин таъкид намуд, ки ҳаёт бисёр тез, мисли оби дарё мегузарад ва бояд фурсатро ғанимат донисту корҳои нек анҷом дод, то аз худ ному нишони неке боқӣ гузорем.

Лентаи хабарҳо
0