ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, Дилшод Хоҷаев, мақомдори давлатӣ тариқи маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Саъдулло Муҳиддинов аз як корафтода 1500 доллари амрикоӣ гирифтаанд.
“Хоҷаев Дилшод Абдусаломович дар вазифаи мутахассиси пешбари бахши манзилию комуналии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кор карда, тахминан моҳи майи соли 2019 бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Муҳиддинов Саъдулло Нуруллоевич, бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд “А” барои ҳуҷҷатгузорӣ намудани манзили истиқоматии воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Лучоб, бинои 3, ҳуҷраи 9, маблағи 1500 доллари ИМА гирифта, онро тасарруф намуданд”, - омадааст дар иттилоияи Ожонс.
Манбаъ таъкид намуд, ки дар натиҷаи ин кирдори қасдонаи муттаҳамон ба шаҳрванд “А” зарари махсусан калони моддӣ расонида шуд.
Боздошти омӯзгори Коллеҷи тиббӣ: аз довталаб 21 000 сомонӣ хостааст
Ожонси мубориза бо фасод афзуд, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Хоҷаев ва Муҳиддинов бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.