Минтақаи ҳаммарз бо Тоҷикистон аз тасарруфи Толибон озод шуд

© AP / Rahmat GulСолдат афганской национальной армии на контрольно-пропускном пункте в Кабул-Джелалабаде, архивное фото
Солдат афганской национальной армии на контрольно-пропускном пункте в Кабул-Джелалабаде, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати дифои Афғонистон расман эълон намуд, ки минтақаи Янги - Қалъаро аз тасарруфи Толибон озод кард

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Вазорати дифои Афғонистон дар сафҳаи худ дар Твиттер эълом кард, бо амалиёти вижаи нерӯҳои амниятӣ, шаҳристони Янги-Қалъа, ки ҳаммарз бо Тоҷикистон аст, ба таври комил аз тасарруфи Толибон хориҷ шуд, дар ин бора иттилоъ додааст хабаргузории Parstoday.

Члены террористического движения Талибан в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон
Толибон дар ду соат ду музофоти ҳаммарз бо Тоҷикистонро ишғол намуданд

Дар ҳамин ҳол, намояндагони ҳукумати маҳаллӣ дар гузориш ба шабакаи телевизиони “Тулуъ” аз кушта шудани 28 нафар аз аъзои Толибон дар даргирӣ бо нерӯҳои давлатии Афғонистон хабар додаанд.

Тайи моҳҳои ахир ҷангҷӯёни ҷунбиши “Толибон” (мамнуъ дар Русия) чандин минтақа дар устонҳои Тахор, Бадахшон ва Кундӯзи Афғонистонро тасарруф карда буданд, ки баъдтар аз он манотиқ ронда шуданд. Ин устонҳо дар шимоли Афғонистон бо Тоҷикистон марзи муштарак доранд.

Ёдрас мешавем, ки ҷангиёни "Толибон" рӯзи 10 сентябр  давоми як рӯз ба ишғол намудани ду минтақаи ҳаммарз бо Тоҷикистон муваффақ шуданд.

Бар хабари шабакаи 1TV толибон тавонистанд вулусволии Дарқад, ки ба марзи Тоҷикистон наздик аст, забт кунанд.

Иттилоъ дар мавриди ишғоли боз як музофоти дигар дар Афғонистон аз ҷониби Толибон расо пас аз ду соати хабари ишғоли Янги - Қалъа расид.

Вооруженные боевики - Sputnik Тоҷикистон
Дар Афғонистон гурӯҳи ҷангҷӯёни ДОИШ ва “Толибон” ба нируҳои ҳукуматӣ таслим шуданд

Хабари забт намудани ин вулусволиро низ волии Тахор Ҷавод Ҳиҷрӣ тасдиқ намуд ва афзуд, ки дар ин манотиқ ҳанӯз ҳам даргирӣ миёни толибон ва мақомоти афғон идома дорад.

Қаблан волии Тахор Ҷавод Ҳиҷрӣ гуфта буд, ки ҷангиёни толиб минтақаи Янги - Қалъаро пас аз он ки нерӯҳои Афғонистон онро тарк карданд, забт намуданд.

Мақомоти афғон танҳо ба хотири пешгирӣ аз талафоти аҳолии мулкӣ маҷбур шуданд,то қаламрави ин минтақаро тарк кунанд. 

Толибон чанд манотиқи наздимарзӣ бо Тоҷикистонро ишғол намуданд

Маврид ба зикр аст, ки давоми як ҳафтаи охир ҷангиёни толиб аллакай се минтақаи наздисарҳадиро ишғол намудаанд. 

 

 

Лентаи хабарҳо
0