Ҳакимов: зоҳиран “Фароз” варшикаста аст, аммо амалан фаъолияташро идома медиҳад

© Официальная страница Ш. Хакимова в FacebookШокирджон Хакимов, архивное фото
Шокирджон Хакимов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шокирҷон Ҳакимов коршиноси тоҷик бар он бовар аст, ки варшикастагии корхонаи муваффақи Фароз чизе ҷуз вокуниши намоишӣ ба афкори манфии умум ва созмонҳои вомдиҳанда нест

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Ширкати “Фароз” ба Кумитаи андози Тоҷикистон барои барҳам додани ин ширкат муроҷиат кардааст.  Намояндаи ширкат таъкид намудааст, ки "Фароз" бино бар шикаст хӯрданаш дар рақобатҳои бозори маводи сӯхт барҳам дода мешавад. Эълони ширкати мазкур аҷиб аст, чунки ширкати “Фароз” дар гузашта яке фаъол ва бомувафақтарин ширкат ба ҳисоб мерафт.

Расширенное заседания правительства РТ  - Sputnik Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумат барои додани замин ба “Фароз” дар Панҷакент, Исфара ва Мастчоҳ

"Фароз" барои омӯзиши кони тилло ва кони сурма иҷозатнома гирифтааст

Ба гуфтаи коршиноси тоҷик Шокирҷон Ҳакимов, эълони барҳамдиҳӣ ва варшикастагии ширкати Фароз чизе ба ҷуз навсозии сохтор ва гӯё тоб наовардан ба  рақобат дар ҳоли норизоятии созмонҳои хориҷӣ аз ин ширкат нест.  

"Фароз": болоравии нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон тақсири ширкат нест

“Барои “Фароз” ҳамаи ҷо роҳи сабз буд. Аммо вақтҳои ахир аз ширкат шикоятҳои зиёде ба қайд гирифта шуд, ки дар миёни ҷомеа сару садои зиёдеро ба бор овард. Ба ҳамин хотир роҳбарияти ширкат фаъолияти ширкатро як каме маҳдуд кард, аммо фаъолияти ин ширкат дар дигар заминаҳои ҳуқуқӣ идома хоҳад ёфт”, - қайд кард Ҳакимов ба Sputnik Тоҷикистон.

Ёдрас мешавем, ки “Фароз” дар оғози фаъолияташ асосан дар бахши воридот ва фурӯши умда ва чаканаи сӯзишворӣ фаъолият мекард. Аммо солҳои охир ширкат фаъолияти худро васеъ карда, дар чандин соҳаи сердаромад, аз ҷумла ҷамъоварии шираи камол, содир кардани шиносномаҳои ронандагиву рақамҳои давлатии мошинҳо, истеҳсоли позаҳр, рушди туризму ҷаҳонгардӣ, сохтмон, соҳибмулкии конҳои фоиданок, бонкдорӣ, хадамоти тиббӣ ва бахшҳои зиёди дигар ҳузури густарда пайдо кард.

Лентаи хабарҳо
0