Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, соҳибкоронро дастгирӣ мекунад

Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, соҳибкоронеро, ки ба сохтани муассисаи томактабӣ машғул мешаванд, дастгирӣ хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Бо ширкати раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар деҳаи Ёрии Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент муассисаи томактабии хусусӣ ба истифода дода шудааст.

Бино ба гузориши мақомоти вилояти Суғд, раиси вилоят зимни суҳбат дар маросими ифтитоҳи иншооти мазкур таъкид кардааст, ки роҳбарияти вилоят ба масъалаи фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, соҳибкоронеро, ки дар бунёди кӯдакистонҳо иқдом мегиранд, дастгирӣ менамояд.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Нигаронии Раҳмон аз ҳофизаи сусти кӯдакони тоҷик

Гуфта шудааст, ки дар аснои сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, ки рӯзҳои 20-25 августи соли равон сурат гирифта буд, дар ноҳияҳои Деваштичу Зафаробод ва Ҷаббор Расулов се кӯдакистони нав ба истифода дода шуд.

Бархе аз ин кӯдакистонҳо маҳз аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардидааст.

Боиси зикр аст, ки муассисаи томактабии хусусии деҳаи Ёрӣ аз тарафи соҳибкор Афсаҳиддин Файзиев сохта шуда, барои сад кӯдак пешбинӣ шудааст.

Ба иттилои масъулин бо ифтитоҳи иншоот 20 нафар сокинон бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0