Нигаронии Раҳмон аз ҳофизаи сусти кӯдакони тоҷик

Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳофизаи сусти мактаббачагони тоҷик изҳори нигаронӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи литсеи рақами 3 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, таъкид кардааст, ки бо вуҷуди тадбирҳои зиёди Ҳукумат, сатҳу сифати таҳсилот ҳанӯз ҷавобгӯи меъёрҳои муқарраршуда нест.

"Камбудиҳо, инчунин, дар раванди азхудкунии мавзӯъҳои фаннӣ мушоҳида шуда, самаранокии дарс кам ба назар мерасад", - изҳори нигаронӣ кардааст Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳур аз гуфтаҳои гузаштагон ёдовар шуда зикр кардааст, ки дар тифлӣ аз худ кардани донишу маърифат мисли нақш бар санг мебошад.

"Бинобар ин, устодон ва омӯзгоронро зарур аст, ки ба масъалаи қавӣ гардонидани ҳофизаи хонандагон эътибори ҷиддӣ диҳанд ва сатҳу сифати таълимро мунтазам беҳтар намоянд", - гуфтааст Президент.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и мэр Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ҳамроҳ бо Рустам Эмомалӣ дар Душанбе литсейи нав ифтитоҳ кард

Ӯ афзудааст, омӯзгоронро зарур аст, ба корҳои мустақилонаи хонандагон зиёдтар диққат диҳанд, машғулиятҳои иловагӣ ва бозиҳои таълимиро дар фанҳои табииву риёзӣ бештар гардонанд, кори хаттии хонандагонро назорат карда, ба фаъолгардонии ҳофизаи наврасон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки дар миёни давлатҳои пасошӯравӣ Тоҷикистон ягона кишварест, ки Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро қабул намудааст.

Аз супориши Раҳмон то кӯмаки Бонки Ҷаҳонӣ: дар ВМКБ барномаи рушди кӯдак роҳандозӣ мешавад

"Ҳарчанд қабули ин қонун боиси хеле беҳтар шудани кор дар ин самт шудааст, вале мутаассифона, на ҳамаи падару модарон аз муҳтавои он пурра бохабаранд ва муқаррароти онро риоя мекунанд", - гуфтааст раисиҷумҳур.

Бино ба гуфти Президент, танҳо соли 2018 зиёда аз 10 ҳазор протоколҳои маъмурӣ нисбат ба падару модарон ба судҳои шаҳру ноҳияҳо ирсол шудааст, ки боиси нигаронӣ мебошад.

Дар ин росто Раҳмон Вазорати маорифро вазифадор кардааст, ки барои дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ахлоқи ҳамида тарбия намудани насли наврас нақшаи дарсҳои тарбиявиро бо мавзӯъҳои мушаххаси рӯзмарра таҳия ва амалӣ намояд.

Лентаи хабарҳо
0