ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВКД ҶТ, вазири корҳои дохилӣ ҳозиринро аз вазъи сиёсии дохили кишвар минтақа ва ҷаҳон огоҳ намуда аз хатарҳои ба давлати мо таъсирасонанда ҳушдор дод.
"Аз намояндагони диаспораҳо даъват ба амал оварда шуд, ки дар минтақаҳои фаъолияташон, ки шумораи зиёди шаҳрвандони тоҷик ба муҳоҷирати меҳнатӣ машғул ҳастанд сиёсати Ҳукумати Тоҷикистонро дуруст фахмонида аз гаравидани ҷавонон ба гуруҳҳои тундрав ва экстремистию терористӣ ҷилавгири намоянд", — омадааст дар хабарнома.
Бо пешниҳоди вазир меҳмонон аз бинои нави Академияи ВКД ва инчунин иморату ҷойҳои нав ободу зебо гаштаи шаҳри Душанбе дидан хоҳанд кард.