Навхонадорон савори мошини мурдакашӣ, ки бо гулҳои сурх оро дода шудааст ба загс омаданд. Дар бари мошин навишта шудааст "Пока смерть не разлучит нас" (То марг моро ҷудо накунад).
Собчак ва Богомолов аз мошин баромада, ҳамроҳ даст ба даст ба загс ворид шуданд.
Тибқи иттилои расонаҳо, хароҷоти тӯйи ин ду шахсияти машҳури Русия 16 миллион рублро ташкил хоҳад дод.
Гуфта мешавад, ки маросими арӯсӣ дар маркази "Петровский пассаж" баргузор мешавад.