ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Кумита, ин даври мусобиқа ба ифтихори 28-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор мешавад.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки мусобиқот дар шаҳри Ваҳдат барои шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор ва дар ноҳияи Рашт барои навоҳии минтақаи Рашт доир мегардад.
Қувваозмоиҳоро дар Рашт Абдурасулов Муҳаммад, Абдуллоев Муъмин ва дар шаҳри Ваҳдат Зарифов Рустам, Солеҳов Манон доварӣ менамоянд.
Бар асоси иттилоия, дар марҳилаи сеюм ғолибони марҳилаи якум - сатҳи деҳаву маҳал ва марҳилаи дигар – ғолибони сатҳи ноҳияҳо иштирок мекунанд.
Рақобат барои 100 000 сомонӣ: гузориши аксӣ аз сабқати ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот
“Ғолибони давр ба марҳилаи ниҳоӣ – ҷумҳуриявӣ, ки 1-5 октябр ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ дар шаҳри Душанбе доир мегардад, роҳхат мегиранд”, - омадааст дар иттилоия.
Кумита таъкид намудааст, ки марҳилаи сеюм, ҳамчунин дар сатҳи вилояту минтақаҳои дигари кишвар низ баргузор хоҳад шуд.
Фонди ҷоизавии мусобиқа 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷудо шудааст. Барои ҷои якуми даставӣ 30 000 сомонӣ, барои ҷои дуюми даставӣ 25 000 сомонӣ, барои ҷои сеюми даставӣ 20 000 сомонӣ ва барои ғолибони мусобиқоти инфиродӣ дар се синну сол 25 000 сомонӣ пешбинӣ шудааст.