Аз шоҳмотбозии вазир то рақобати дипломатҳо барои 100 000 сомонӣ

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкСироджиддин Мухриддин, архивное фото.
Сироджиддин Мухриддин, архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, шатранҷ, яке аз бозиҳои  қадимии тоҷикон буда имрӯзҳо ба як ҷузъи фарҳанги инсонӣ табдил ёфтааст

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Имрӯз, 22 июн дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даври аввали мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат оғоз шуд.

Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонону варзиш ва Сабрина Абророва, ғолиби Бозиҳои ҷаҳонии наврасон дар риштаи шоҳмот  - Sputnik Тоҷикистон
Оғози мусобиқаи шоҳмот: Абдуллозода гуфт, раисиҷумҳур 100 ҳазор сомонӣ ҷоиза ҷудо кард

Бино ба гузориши АМИТ "Ховар", дар маросими ифтитоҳи мусобиқа вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, котиби генералии Кумитаи миллии олимпӣ Муҳаммадшо Абдуллозода ва муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Ризо Назарзода ширкат карда, ба иштирокчиён муваффақият таманно кард.

Вазири корҳои хориҷӣ дар сухани шодбошии худ аз ҷумла зикр намуд, ки шоҳмот ё шатранҷ яке аз бозиҳои қадимаи зеҳнии ҷаҳон аст ва имрӯз дар тамоми олам ривоҷ дорад.

"Ҳангоми бозии шоҳмот зеҳни инсон инкишоф меёбад. Варзиш додани зеҳн тавассути бозии шатранҷ, ки қадимтарин бозии ақлонӣ ва зеҳнӣ аст, дар таърихи тамаддуни мо мавқеи вижа доштааст. Шатранҷ, ки яке аз бозиҳои  қадимии тоҷикон аст, имрӯзҳо ба як ҷузъи фарҳанги инсонӣ табдил ёфта, таърихи ғанӣ дорад. Шоҳмот бозиест, ки ба саъю кӯшиш барои пирӯзӣ, роҳи баромад аз ҳолатҳои печида, пешрафти хотира, суръати кори мағзи сар ва афзудани дараҷаи мантиқи андешаронӣ мусоидат менамояд",-гуфтааст вазир. 

Нахустин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот Ҷоми Пешвои миллат - Sputnik Тоҷикистон
Рақобат барои 100 000 сомонӣ: гузориши аксӣ аз сабқати ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот

Сироҷиддин Муҳриддин афзудааст, ки "пешвои муаззами миллат бо таъкид аз аҳамияти рӯзафзуни бозии шатранҷ дар ҷомеаи муосири тоҷик 30 августи соли 2017, зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи ВКД фармуда буданд, ки Вазорати маориф ва илм дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус дар синфҳои равияи дақиқу табиатшиносӣ дарси шоҳмотро ҷорӣ намояд.

Бояд тазаккур дод, ки наврасону ҷавонони мо ба бозии шоҳмот таваҷҷуҳ пайдо карда, дар арсаи ҷаҳонӣ шарафи варзиши кишварро ҳифз карда истодаанд".

Ҳамин тариқ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даври аввали мусобиқот шахсан ҳусни оғоз бахшида муҳраҳои шоҳмотро пеш гузошт.

Ёдовар мешавем, ки аввалин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат аз рӯи се синну сол дар чор давра баргузор мешавад.

Фонди ҷоизаи мусобиқа 100 000 сомониро ташкил медиҳад, ки аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷудо гардидааст.

Ғолибони даври аввал, ки ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар сатҳи вазорату идораву муассисаҳо, шаҳраку деҳоту маҳаллаҳо баргузор мешавад, ба даври дуюм, ки дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо доир мегардад, роҳхат мегиранд.

Лентаи хабарҳо
0