Коҳиши додугирифти коло миёни Тоҷикистону Эрон: вазиру сафир хостори ислоҳи вазъ шуданд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаМинистр экономического развития и торговли Таджикистана Негматулло Хикматуллозода, архивное фото
Министр экономического развития и торговли Таджикистана Негматулло Хикматуллозода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар пасманзари коҳиши додугирифти коло бо Эрон тақвияти ҳамкорӣ бо ин кишварро баррасӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар мулоқот бо Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон дурнамои тавсеаи ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Выставка Сугд-2019 - Sputnik Тоҷикистон
Савдо миёни Тоҷикистону Узбакистон гарм мешавад: Аҳмадзода бо ҳокими Фарғона суҳбат кард

Манбаъ аз қавли Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон афзуд, ки  тарафҳо дар мулоқот дар мавриди тақвияти ҳамкории иқтисодӣ-бозаргонӣ, болобарии мубодилоти молӣ мубодилаи афкор кардаанд.

Инчунин ҷазби сармоягузорӣ, истифодаи имконоти таробарии ду кишвар, идомаи ҳамкорӣ дар таъсиси ширкатҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз мавзӯъҳои меҳварии ин мулоқот будаанд. 

Бар асоси додаҳои оморӣ, Тоҷикистон ва Эрон дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ба арзиши беш аз 36,8 миллион доллар гардиши молиро анҷом доданд, ки ин шумор дар муқоиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 42,7 дарсад коҳишро нишон медиҳад. Беш аз 24,8 дарсади ин маблағ воридоти колоҳои эронӣ ба Тоҷикистон аст.

Манбаъ таъкид намудаст, ки гардиши молии Тоҷикистон ва Эрон дар солҳои охир хеле коҳиш ёфт, дар ҳоле ки чанд сол пеш Эрон яке аз се шарики аслии бозаргонии Тоҷикистон буд.

Лентаи хабарҳо
0