Савдо миёни Тоҷикистону Узбакистон гарм мешавад: Аҳмадзода бо ҳокими Фарғона суҳбат кард

© Sputnik / Стас ЭтвешВыставка Сугд-2019
Выставка Сугд-2019 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳокими вилояти Фарғона Шуҳрат Ғаниев аз даъват ва истиқболи роҳбарияти вилояти Суғд изҳори хушнудӣ намуда, баргузории чунин чорабиниҳоро ҷиҳати таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ ва мубодилаи таҷриба ва молу маҳсулот муфид арзёбӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Нимаи дуюми рӯзи 21 июн раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар толори қабули расмии Қасри Арбоб ҳокими вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбакистон Шуҳрат Ғаниевро ба ҳузур пазируфт.

Международная торговая ярмарка СУГД 2019 - Sputnik Тоҷикистон
Ғиёсӣ: мушкили амниятӣ садди иқтисод аст, аммо на байни Афғонистону Тоҷикистон

Бино ба иттилои мақомоти вилояти Суғд, зимни суҳбат ҷонибҳо аз мулоқоту музокироти сатҳи олии миёни сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев робитаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишварҳо рӯз ба рӯз мустаҳкам гардида истодааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки иштироки фаъолонаи соҳибкорону тоҷирон ва ширкатҳои истеҳсолии вилояти Фарғона дар Ярмаркаи VI байналмилалии савдо “Суғд-2019” худ гувоҳи густариши ҳамкориҳо миёни вилоятҳост.

Таъкид гардидааст, ки дар чорабинии сатҳи баланди минтақавӣ - Ярмаркаи VI байналмилалии савдо “Суғд-2019” намояндагони 30 корхонаву ширкатҳои истеҳсолии вилояти Фарғона иштирок доранд ва онҳо метавонанд бо имзои шартномаҳои дуҷониба бо ҳамтоёни тоҷики худ ҳамкориҳоро тақвият бахшанд.

Дар қароргоҳи Раҳмон: Аҳмадзода бо ваколатдори Қирғизистон масоили марзиро баррасӣ кард

Ҳокими вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбакистон Шуҳрат Ғаниев аз даъват ва истиқболи самимии роҳбарияти вилояти Суғд изҳори хушнудӣ намуда, баргузории чунин чорабиниҳо ҷиҳати таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ ва мубодилаи таҷриба ва молу маҳсулот муфид арзёбӣ кардааст.

Встреча Эмомали Рахмона с с Министром иностранных дел Республики Узбекистан Абдулазизом Камиловым - Sputnik Тоҷикистон
Сипосгузории Узбакистон аз Тоҷикистон барои пешсафӣ дар ҳалли мушкили глобалӣ

Иттилоъ дода шуд, ки вилояти Фарғона яке аз минтақаҳои пешрафтаи Узбакистон маҳсуб ёфта, дар самти истеҳсолу коркарди пахта дастовардҳои назаррас дорад.

Дар ҳудуди вилояти Фарғона 174 корхона ба коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулоти пахтагин машғул аст.

Ҷонибҳо дар рафти мулоқот инчунин рушди соҳибкории миёни вилоятҳо, афзун намудани мубодилаи молу маҳсулот, таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаи саноати сабукро мавриди муҳокима қарор доданд.

Лентаи хабарҳо
0