Дирӯз 12 сентябри соли равон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара бинои муҳташами Қасри фарҳангро ифтитоҳ карданд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар Қасри Фарҳанг гуфт, ҳоло мо шоҳиди боз як рӯйдоди хотирмони фарҳангӣ дар ҳаёти сокинони ноҳияи Данғара гардидем. Қасри фарҳанг бо тарҳи бисёр зебо ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосири меъморӣ бунёд шудааст.
Сохтмони қаср соли 2007 оғоз гардида, бо истифода аз санъати аҷдодии гаҷкорӣ ва ойинабандӣ дар сатҳи баланд ба анҷом расонида шудааст.
Сипоси Раҳмон ба Қиёмиддин Чориқулов барои корҳои хайру савоб
Дар яке аз толорҳои қаср осорхонаи Президенти Тоҷикистон низ ташкил карда шудааст.
Сипас раисҷумҳур дар бораи дастовардҳои ноҳияи Данғара сухан карду гуфт ҳоло корҳои сохтмон дар ҳамаи иншооти ба нақша гирифташуда муташаккилона ва бо азму талоши ватандӯстонаи мардум идома доранд ва умед аст, ки то ҷашни 30-солагии истиқлол ҳамаи ниятҳои созандаи сокинони ноҳия пурра амалӣ мегарданд.
Дар ҳамин ҷо барои иштирокчиёни мулоқот аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия ва ҳунармандони шинохтаи Тоҷикистон барномаи рангини консертӣ баргузор карда шуд.
Аммо қабл аз оғози консерт бар асоси гузориши аксии дафтари матбуоти раисҷумҳур, сокинони Данғара ба Эмомалӣ Раҳмон, расми раисиҷумҳур бо бародарашро туҳфа кардаанд.
Инчунин дар гузориши аксии дафтари матбуоти раисҷумҳур дида мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон,бо эҳсос мусаввараи бародарашро бӯса мекунад.
Ёдрас мешавем, ки моҳи июни соли равон вақте дар ноҳияи Сангвор ба Эмомалӣ Раҳмон расми модарашро туҳфа карданд, ӯ ашк рехту гуфт, аз он афсӯс мехӯрад, бо вуҷуди онки тамоми шароитро дошт, дар зиндагиашон хидмати падару модарро дуруст ба ҷо оварда натавонист.