Бӯсаи Раҳмон аз мусаввараи бародар ва иштироки хонаводаи ӯ дар консерт

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, баъд аз ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар Данғара бо шумораи зиёди сокинону фаъолони ноҳия мулоқот анҷом дод

Дирӯз 12 сентябри соли равон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара бинои муҳташами Қасри фарҳангро ифтитоҳ карданд.

Президент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Муроҷиати Раҳмон ба фарзандони Данғара барои таъмини ҳамдиёрон бо ҷои кор

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар Қасри Фарҳанг гуфт, ҳоло мо шоҳиди боз як рӯйдоди хотирмони фарҳангӣ дар ҳаёти сокинони ноҳияи Данғара гардидем. Қасри фарҳанг бо тарҳи бисёр зебо ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосири меъморӣ бунёд шудааст.

Сохтмони қаср соли 2007 оғоз гардида, бо истифода аз санъати аҷдодии гаҷкорӣ ва ойинабандӣ дар сатҳи баланд ба анҷом расонида шудааст.

Сипоси Раҳмон ба Қиёмиддин Чориқулов барои корҳои хайру савоб

Дар яке аз толорҳои қаср осорхонаи Президенти Тоҷикистон низ ташкил карда шудааст.

Сипас раисҷумҳур дар бораи дастовардҳои ноҳияи Данғара сухан карду гуфт ҳоло корҳои сохтмон дар ҳамаи иншооти ба нақша гирифташуда муташаккилона ва бо азму талоши ватандӯстонаи мардум идома доранд ва умед аст, ки то ҷашни 30-солагии истиқлол ҳамаи ниятҳои созандаи сокинони ноҳия пурра амалӣ мегарданд.

Дар ҳамин ҷо барои иштирокчиёни мулоқот аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия ва ҳунармандони шинохтаи Тоҷикистон барномаи рангини консертӣ баргузор карда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми ифтитоҳи варзишгоҳи бунёдкардаи Гуловҳо дар Данғара - Sputnik Тоҷикистон
Ҷонибдории оилаи Гуловҳо аз сиёсати Раҳмон: бунёди 4 иншооти Данғараро ба уҳда гирифтанд

Аммо қабл аз оғози консерт бар асоси гузориши аксии дафтари матбуоти раисҷумҳур, сокинони Данғара ба Эмомалӣ Раҳмон, расми раисиҷумҳур бо бародарашро туҳфа кардаанд.

Инчунин дар гузориши аксии дафтари матбуоти раисҷумҳур дида мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон,бо эҳсос мусаввараи бародарашро бӯса мекунад.

Ёдрас мешавем, ки моҳи июни соли равон вақте дар ноҳияи Сангвор ба Эмомалӣ Раҳмон расми модарашро туҳфа карданд, ӯ ашк рехту гуфт, аз он афсӯс мехӯрад, бо вуҷуди онки тамоми шароитро дошт, дар зиндагиашон хидмати падару модарро дуруст ба ҷо оварда натавонист.   

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанТӯҳфаи навбатӣ ба Президенти кишвар
Вручение картины Президенту во время открытия дворца культуры - Sputnik Тоҷикистон
1/9
Тӯҳфаи навбатӣ ба Президенти кишвар
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанБа Эмомалӣ Раҳмон мусаввараи бародарашро тақдим карданд
Вручение картины Президенту во время открытия дворца культуры - Sputnik Тоҷикистон
2/9
Ба Эмомалӣ Раҳмон мусаввараи бародарашро тақдим карданд
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЛаҳзаи эҳсосӣ: Эмомалӣ Раҳмон аз мусаввараи бародараш бӯса мекунад
Вручение картины Президенту во время открытия дворца культуры - Sputnik Тоҷикистон
3/9
Лаҳзаи эҳсосӣ: Эмомалӣ Раҳмон аз мусаввараи бародараш бӯса мекунад
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанБӯсаи Эмомалӣ Раҳмон аз мусаввараи бародараш
Вручение картины Президенту во время открытия дворца культуры  - Sputnik Тоҷикистон
4/9
Бӯсаи Эмомалӣ Раҳмон аз мусаввараи бародараш
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанБарномаи рангини консертӣ дар Қасри нави фарҳанг дар Данғара
Участие семьи Президента в праздничном концерте - Sputnik Тоҷикистон
5/9
Барномаи рангини консертӣ дар Қасри нави фарҳанг дар Данғара
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанИштироки хонаводаи Президент дар консерт дар Данғара
Участие семьи Президента в праздничном концерте  - Sputnik Тоҷикистон
6/9
Иштироки хонаводаи Президент дар консерт дар Данғара
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанИштироки ҳамсар ва духтарони Эмомалӣ Раҳмон дар консерт
Участие семьи Президента в праздничном концерте - Sputnik Тоҷикистон
7/9
Иштироки ҳамсар ва духтарони Эмомалӣ Раҳмон дар консерт
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанИштироки хонаводаи раисҷумҳур дар барномаи рангини консертӣ
Участие семьи Президента в праздничном концерте  - Sputnik Тоҷикистон
8/9
Иштироки хонаводаи раисҷумҳур дар барномаи рангини консертӣ
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанАз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия ва ҳунармандони шинохтаи Тоҷикистон барномаи рангини консертӣ баргузор карда шуд
Участие семьи Президента в праздничном концерте - Sputnik Тоҷикистон
9/9
Аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия ва ҳунармандони шинохтаи Тоҷикистон барномаи рангини консертӣ баргузор карда шуд
Лентаи хабарҳо
0