Вуруди 3 намуди дигари варзиш ба барномаи Бозиҳои Осиё - 2022

© AP / Aaron FavilaТаджикские спортсмены на Азиаде-2018, архивное фото
Таджикские спортсмены на Азиаде-2018, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки се намуди варзиш - каратэ, шӯхпаймоии варзишӣ ва бейсбол ба барномаи Бозиҳои Осиё – 2022 ворид карда шуданд

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, 11 сентябр дар Ҳангжоуи Чин ҷаласаи дуюми кумитаи ҳамоҳангсози Шӯрои олимпии Осиё доир гашт, ки 10 гузориши шуъбаҳои гуногуни Кумитаи тадорукоти Бозиҳои Осиё-2022 шунида шуд.

Мавзуна Чориева боксирует с дочкой Осией - Sputnik Тоҷикистон
Чориева пас аз садама: як лаҳзаи ҳаёт бо ҳамсарам ба сад медал намеарзад - видео

Манбаъ тавзеҳ дод, ки қабл аз ҷаласа, намояндагони Шӯрои олимпии Осиё дар Ҳангжоу аз иншооти баргузории мусобиқоти Бозиҳои Осиё-2022 ва шаҳраки олимпӣ дидан карданд.

Раҷа Рангхир Сингҳ, роҳбари кумитаи ҳамоҳангсози Шӯрои олимпии Осиё гуфт, то баргузории бозиҳо се сол мондааст ва бовар дорад, ки бозиҳои навбатӣ бесобиқа хоҳад буд. Ӯ таъкид намуд, ки қораи Осиё дар ташкил ва баргузор кардани чорабиниҳои варзишӣ дар ҷаҳон пешсаф аст.

Ҳусайн Ал Мусаллам, мудири кулли Шӯрои олимпии Осиё изҳор дошт, ки Бозиҳои Осиё-2022 дар Ҳангжоу дар сатҳи баланд хоҳад гузашт.

Пешвози толибилмони тоҷик дар фурудгоҳи Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон
Толибилмони тоҷик аз олимпиадаи байналмиллалӣ ду медал ба даст оварданд-акс

“Бисёр намудҳои варзиш аз Осиё ба Бозиҳои олимпӣ гузаштаанд, мисли тенниси рӯи миз, дзюдо. Мо бо дастовардҳоямон ифтихор мекунем”, - афзуд Ҳусайн Ал Мусаллам.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон илова намуд, ки дар ин ҷаласа ба барномаи Бозиҳои Осиё-2022 се намуди варзиш – каратэ, шӯхпаймоии варзишӣ ва бейсбол/софтбол, ворид карда шуд ва шумораи намудҳои варзиш ба 40 адад расид.

Бозиҳои нав дар феҳрасти намудҳои олимпӣ шомил шуданд

Ин ниҳод зикр кард, ки 19-умин Бозиҳои Осиё 10-25 сентябри соли 2022 дар шаҳри Ҳангжоуи Чин баргузор мешавад. Дар бозиҳо бори аввал варзишгарони кишварҳои қораи Уқёнус низ ширкат хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0