Раҳмон сафари кориашро ба шаҳри Кӯлоб анҷом доду ба Данғара рафт

© Пресс-служба президента ТаджикистанаРабочая поездка президента Таджикистана Эмомали Рахмона
Рабочая поездка президента Таджикистана Эмомали Рахмона  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб раисҷумҳур дар ифтитоҳи як зумра иншооти ҷашнӣ ба истиқболи сазовори 28-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон иштирок карда, бо сокинон мулоқоти судманд доир кард

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар, имрӯз 12 сентябр сафари кории Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар ба шаҳри Кӯлоб анҷом ёфт.

Зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб  - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон оромгоҳи Мир Сайид Алӣ Ҳамадониро зиёрат карду оятҳо аз Қуръони карим қироат кард

Тавре манбаъ хабар додааст, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб чаҳор боғу гулгаштро, ки барои истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонони шаҳр сохта шудаанд, ба истифода дод.

Илова бар ин 50 иншооти соҳаи илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маркази савдову хизматрасонӣ ва корхонаи парандапарвариро ифтитоҳ намуда, ба бунёду навсозии роҳҳои дохилишаҳрӣ ва дорои аҳамияти байналмилалӣ оғози расмӣ бахшид.

Раҳмон дар Кӯлоб фабрикаи паррандапарварӣ ифтитоҳ кард

“Бо бунёд ва ба истифода додани иншооти таъйиноти гуногун дар шаҳри Кӯлоб сокинони зиёде бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд. Ҳамаи тадбирҳои созанда ва бунёдкоронаи роҳбарияти олии давлату ҳукумати ҷумҳурӣ ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва рушди устувори соҳаҳои иқтисодии ҷомеа равона гардидааст”,- зикр намудааст манбаъ.

Истиқболи Раҳмон дар фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб  - Sputnik Тоҷикистон
Пешвозу истиқболи бошукӯҳи Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб - Акс

Инчунин манбаъ қайд намудааст, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб Президенти кишварро сокинони шаҳри Кӯлоб бо самимияти хосса гусел карданд.

Ҳамзамон пас аз шаҳри Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Данғара сафар кард.

“Дар ин ноҳияи аграрии мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо шукӯҳу шаҳодати хосса истиқбол гирифтанд”,- иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмонро дар ин ҷо аҳли ҳунар бо барномаи фарҳангӣ пешвоз гирифтанд.

Лентаи хабарҳо
0