Раҳмон оромгоҳи Мир Сайид Алӣ Ҳамадониро зиёрат карду оятҳо аз Қуръони карим қироат кард

© Пресс-служба Президента РТ Зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб
Зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳур дар оромгоҳи Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ барои суботу оромии Тоҷикистон ва саодатмандию сарбаландии мардуми кишвар дуою фотиҳаи нек кард

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Шоми дирӯз дар идомаи сафари кориаш баъд аз ифтитоҳи иншоотҳои гуногун дар шаҳри Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар аз оромгоҳи  Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ зиёрат кард.

Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар оромгоҳи Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ бо қироати оятҳо аз Қуръони маҷид барои суботу оромии Тоҷикистон ва саодатмандию сарбаландии мардуми кишвар дуою фотиҳаи нек кардааст.

© Пресс-служба Президента РТЗиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб
Зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб  - Sputnik Тоҷикистон
1/3
Зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб
© Пресс-служба Президента РТЗиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб
Зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб - Sputnik Тоҷикистон
2/3

3/3

Ёдрас мешавем, ки оромгоҳи Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ, ки яке аз шахсиятҳои таърихии миллати тоҷик мебошад дар маркази шаҳри Кӯлоб мавқеъ гирифта, ҳамарӯза аз он бисёр сайёҳони дохилию хориҷӣ дидан ва зиёрат мекунанд.

Тибқи маълумоти масъулин, танҳо соли гузашта аз ин Оромгоҳ зиёда аз 20 ҳазор нафар дидан намудаанд.

Тавре манбаъ зикр намудааст, Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ва шиносоӣ бо шароити мавҷуда дар ин макони таърихӣ ба масъулин барои боз ҳам ободу зебо гардонидани атрофи Оромгоҳ ва риояи суннату анъанаҳои хоси миллӣ ҳангоми ташрифу боздиди сайёҳону меҳмонон аз ин ҷо дастуру пешниҳодҳои мушаххас дод.

Лентаи хабарҳо
0