ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи абрнок ва бебориш шуда, Ҳаво шабона 13+15 ва рӯзона 28+30 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, дар баъзе минтақаҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.
Дар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 2 дараҷа сард то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.