ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Раёсати мусалмонҳои Узбакистон хабарҳо дар бораи барканории Усмонхон Алимов аз мақоми муфтии ин кишварро рад кард, иттилоъ дод хадамоти матбуоти раёсат.
Рӯзи 10-уми сентябри соли равон дар бархе аз расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабар нашр гардид, ки дар ҷаласаи Академияи байналмилалии исломӣ дар Узбакистон таҳти раёсати сарвазир Абдулло Орипов муфтӣ Алимов аз мақоми роҳбари Раёсати мусалмонҳои Узбакистон барканор шуд.
Инчунин таъкид шуда буд, ки аз довталабони асосии ин мақом Хайруллоҳ Турматов мебошад, ки сархатиби вилояти Тошканд буд.
Муфтӣ Аляудинов, аз мусалмонон даъват кард, ки барои дигарон намунаи ибрат бошанд-видео
"Маврид ба таъкид аст, ки хабарҳои паҳншуда дар бораи барканорӣ воқеият надоранд ва муфтӣ Усмонхон Алимов корро ба ҳайси роҳбари Раёсати мусалмонҳои Узбакистон идома дода истодааст", - омадааст дар иттилоияи хадамоти матбуоти ин ниҳод.
Усмонхон Алимов дар мақоми муфтии Узбакистон аз 8 августи соли 2006 кор мекунад.