Абдулқодирзода гуфт, ки фитри рӯза бештар аз 1000 доллар ҷамъ шуд

© Sputnik / Амир ИсаевСаидмукаррам Абдулкодирзода, архивное фото
Саидмукаррам Абдулкодирзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси Шӯрои улумои Тоҷикистон мегӯяд, маблағҳои бадастомада ба хонаводаҳои камбизоатон ва мӯҳтоҷон тақсим карда мешавад

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Дар масҷиди марказии Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб аз ҳисоби садақаи фитр барои шахсони мӯҳтоҷ бештар аз 1,2 ҳазор доллар ҷамъ овардем, гуфт раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода.

Имрӯз намози ид дар масҷидҳои Тоҷикистон субҳи барвақт баргузор шуд. Пас аз он муфтӣ мардуми кишварро бо Иди Фитр шодбош гуфт.

Вай гуфт, ки маблағҳои ҷамъомада ба камбизоатон ва ятимону бепарасдорон тақсим карда мешавад.

Имсол нисоби закот 20 ҳазор сомонӣ ва ҳаққи фитри рӯза 5 сомонӣ муқаррар шудааст. Бар асоси муқаррароти Шӯрои уламо имсол муслимини кишварро зарур аст, аз ҳар 20 ҳазор сомонии доштаашон 500 сомонӣ закот диҳанд. 

Садақаи фитр ба ҳисоби гандум 5 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз, барои касоне, ки тавоноии молии бештар доранд, 48 сомонӣ муқаррар гардид.

Барои соҳибони узри шаръӣ, яъне пиронсолону беморон ва нафароне, ки бо сабаб рӯза дошта наметавонанд, фидяи савм ба миқдори 300 сомонӣ барои 30 рӯз, яъне ҳар рӯз 10 сомонӣ муайян карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0