Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии давраи интихобии Ҷоми ҷаҳон - 2022, гурӯҳи "F", ки шоми 5 сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд, тими мунтахаби футболбозони қирғизро шикаст дод.
Тими миллии Тоҷикистон дар ҳузури наздики 18 ҳазор тамошобин дар варзишгоҳи марказӣ бар дастаи мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаро Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 42-юм ба ҳадаф расонд.
Ҷалилов дар ин бозӣ, ки таҳти доварии Адҳам Муҳаммад Маҳадмеҳ аз давлати Урдун баргузор гардид, беҳтарин бозигар дониста шуд.
Дар бозии дигари гурӯҳи “F” мунтахаби Муғулистон бар тими Мянма бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард.
Акнун дар даври дуюм тими мунтахаби Тоҷикистон дар меҳмонӣ бо тими мунтахаби Муғулистон бозӣ мекунад. Ин дидор 10 сентябр дар Улан Батор сурат мегирад. Оғози бозӣ - соати 14:00 бо вақти Душанбе дар назар аст.