ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Дар шаҳри Екатеринбурги Руссия Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни мардҳо оғоз гардидаст ва то 21 сентябр идома меёбад. хабар медиҳад сомонаи Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон.
Бар хабари манбаъ, дар қаҳрамонӣ 365 варзишгар аз 78 давлат аз рӯи 8 категорияи вазнӣ барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд.
Ҳиҷоб ва бокс: аввалин духтари ҳиҷобпӯше, ки ба майдони рақобат мебарояд-навор
Манбаъ меафзояд, тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур 4 варзишгар – Бахтовар Сагизов, Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев ва Мирзомуҳаммад Бахтиёр муаррифӣ мекунанд.
Зимнан гуфта мешавад, ки як варзишгари тоҷик Мирзомуҳаммад Бахтиёр аллакай аз ҳарифи амрикоиаш Ҷавиа Мартинез шикаст хӯрд.
"Шаббос Негматуллоев имрӯз дар аввалин қувваозмоиаш муқобили Лиридон Нуҳа аз Шведсия ба майдон мебарояд. Бахтовар Сагизов 11 сентябр дар даври аввал бо Муҳаммад Ҳамоут аз Марокаш, Баҳодур Усмонов 12 сентябр бо Александ Железниак аз Украина ҳарб мекунанд", - гуфта мешавад дар хабари манбаъ.
Миёни муштзанҳои тоҷик соли равон Баҳодур Усмонов натиҷаҳои назаррас нишон додааст. Ӯ моҳи апрел унвони чемпиони Осиёро сазовор гардида, дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар Бишкек ва Атирау медали тилло, дар Каспийск медали нуқра ва дар Нурсултон медали биринҷӣ ба даст овардааст.