ДУШАНБЕ, 23 май - Sputnik. Ба иттилои манбаъ, Кумитаи байналмилалии олимпӣ – “КБО” 22 май эълон кард, ки Ассотсиатсияи байналмилалии бокс – “AIBA” аз ҳаққи мудирияти варзиши олимпӣ маҳрум шуд ва дар олимпиадаи Токио-2020 ягон нақш нахоҳад дошт.
КБО барои мудирият ва баргузории мусобиқаи бокс дар Бозиҳои олимпии соли оянда дар пойтахти Ҷопон гурӯҳи махсус таъсис дод.
“Гурӯҳро президенти Федератсияи байналмилалии гимнастика Моринари Вотанабе роҳбарӣ мекунад ва системаи интихобии намуди боксро таъсис медиҳад. Марҳилаи интихобӣ моҳҳои январ-майи соли оянда муайян шудааст”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ таъкид кардааст, ки гуруҳбандии вазнии олимпӣ феълан тасдиқ нашудааст. КБО барои ин муҳлати ниҳоиро охири моҳи июн муайян намуд, ҳамчунин дар назар аст, ки шумораи квота барои варзишгарон низ маълум мегардад.
“Ин бисёр хабари хуш барои варзишгарони намуди бокс мебошад, чунки онҳо акнун медонанд, ки мусобиқаи олимпӣ оид ба бокс доир мегардад ва системаи интихобӣ хоҳад буд”, - изҳор доштааст президенти КБО Томас Бах.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки қарори ниҳоиро дар ин бора Кумитаи иҷроияи КБО баъд аз баррасии гузориши 30-саҳифагии гурӯҳи тафтишотӣ дар ҷаласаи навбатӣ 24-26 июн қабул мекунад, аммо интизор меравад ин фақат расмиёт хоҳад буд.
Дар пайи тафтишоти шашмоҳаи AIBA дар робита ба мудирият, молия ва доварӣ, Кумитаи иҷроия КБО эълон кард, ки ҳолати имрӯзаи AIBA мисли пешин ба муқаррароти Хартияи олимпӣ ва Кодекси ахлоқи КБО созгор нест.