Тоҷикҳо дар метро ва ё “Дарахти халқҳои Шӯравӣ”  дар истгоҳи Боровитская - гузориши аксӣ

Обуна шудан
Дар яке аз истгоҳҳои метрои Маскав дарахте тасвир шудааст, ки дар шохаҳои он ҳамаи кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ҷой карда шудаанд

Қариб ҳамаи истгоҳҳои метрои Маскав бо як хусусияти вижае сохта шудаанд –  бо сангҳои мармар, кошинкорӣ дар деворҳо, қандилҳои дорои шаклҳои гуногун ва дигар хусусиятҳои дорои маъною мазмунҳои гуногун бинандаро ба ҳайрат меоваранд. Ҳатто истгоҳҳои оддӣ аз якдигар бо ягон хусусияташон тафовут доранд.

Дар тарроҳии ҳар як истгоҳ ҳатман як идеяе мақоми хосс дорад: шуҳрати низомӣ, намоиши дастовардҳои илмии даврони Шӯравӣ, иқтисодиёт, фарҳанг, варзиш ва ғайраҳо. Аз ҳама бештар дар деворҳо, долонҳо ва роҳравҳои метро метавон идеяи ягонагии кишвари бузаргро мушоҳида кард.

Шиори асосии дустии халқҳо бештар дар номгузории истгоҳҳо ифода мешавад – “Киевская”, “Белорусская”, “Рижская” ва ғайраҳо, ки дар онҳо мувофиқи номгузориаш фарҳанг, тарзи зиндагӣ ва қаҳрамониҳои халқи он минтақа инъикос шудааст.

 Дар баъзе истгоҳҳои метро мафҳумҳои ифодагари ягонагии ҷомеаи Шӯравӣ на он қадар пурра сабт шудаанд. Ҳатто мусофироне, ки садҳо маротиба аз ин истгоҳ баромадаанд, пай набурдаанд ин гуна хусусиятҳоро. Масалан, дар истгоҳи “Театралная” агар бо диққат назар намоем метавон тасвирҳои рақси халқҳои Шӯравиро дид. Аммо дар онҳо рақси ҳама миллатҳои Шӯравӣ дида намешавад.

Ба ҳар ҳол ҳамаи кишварҳои Шӯравиро метавон дар як истгоҳи метро дид. Инҷо гап дар бораи нишон ва ё рамзҳои Шӯравӣ “Дос ва болға”, ки метавон дар ҳама ҷо вохӯрд, намеравад. Ин ҷо гап дар бораи дарахте меравад, ки дар он ҳамаи кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ҷой дода шудаанд ва он зебогии истгоҳи “Боровитская”, яке аз истгоҳҳои марказӣ ва серодамро зиёдтар мегардонад. Бо дидани ин дарахти сершоху барг метавон бо осонӣ пай бурд, ки дар он нақши харитаи ИҶШС тасвир ёфтааст.

Муаллифони ин дастоварди нодир ҳамсарон И.В. Николаев ва М.М. Дедова-Дзедушкинская – акси ин дарахтро чунон моҳирона тасвир кардаанд, ки дар он кишварҳои Шӯравӣ ҷой дода шуда, танаи он аз дохили Кремл берун мешавад. Шохаҳои он инъикосгари ҷумиҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ мебошанд.

Дар баргҳои ин дарахт 15 одам низ аккоси шудаанд, ки намояндагони ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ мебошанд. Зери ҳар як акс номи кишвариҳои Иттиҳод сабт шудаанд.

Миёни онҳо албатта, ки Тоҷикистони Шӯравӣ ҷой дорад. Дар акси ҷавоне, ки баёнгари Тоҷикистони ҷавон аст метавон қиёфаҳои мутаффакирону шоирони тоҷик ба монанди Рӯдакӣ, Носири Хусрав, Абуали ибни Сино ва дигарон, ки меросҳои адабии пурғановате ба насли пасин боқӣ мондаанд. Дар сари намояндаи тоҷик салла ҷой дода шудааст.

Дар акс намояндаи тоҷик хело ҷавон аст, ки шаҳодат аз Тоҷикистони навтаъсису ҷавон мебошад. Ҷумҳури бо шумораи зиёди ҷавононаш, ки қисмати зиёди аҳолиашро ташкил мекунанд аз дигар кишварҳо фарқ мекунад ва ин нишонаи ояндаи дурахшон доштани кишвар мебошад.

Бояд қайд кард, ки дар поёни бинои Кремл, ки аз дохили он  дарахти кишварҳои Шӯравӣ берун шудааст хушаҳои гандум акс ёфтаанд, аз боло бошад фазо хиштин тасвир ёфтааст. Ҳамаи ҷузъҳои ин манзара бо ранги сафолӣ тасвир шудаанд ба ҷуз хушаҳои тиллоранг ва фазои болои бино, ки аз хиштҳои зардчатоб оро дода шудааст.

Мутаасифона, дар метрои Маскав то ҳол бо номи Тоҷикистон ва ё Душанбе истгоҳе пайдо нашудааст, аммо сохтумони бо суръати роҳҳои нави метро имкон медиҳад, ки дар оянда ягон истгоҳ бахшида Тоҷикистон пайдо шавад.

© Sputnik / Олег Ласточкин / Гузариш ба медиабонкИстгоҳи метро "Боровитская " 3 январи соли 1986 ифтитоҳ шудааст
У входа на станцию метро Боровицкая, открытую 3 января 1986 года - Sputnik Тоҷикистон
1/9
Истгоҳи метро "Боровитская " 3 январи соли 1986 ифтитоҳ шудааст
© Sputnik / Олег Ласточкин / Гузариш ба медиабонкДохили истгоҳи метро "Боровитская "
Станция Боровицкая Московского ордена Ленина и ордена Трудового Красного Знамени метрополитена имени В.И. Ленина - Sputnik Тоҷикистон
2/9
Дохили истгоҳи метро "Боровитская "
CC BY-SA 4.0 / Brateevsky / Даромадгоҳи истгоҳи метро Боровитская
Вход в метро Боровицкая - Sputnik Тоҷикистон
3/9
Даромадгоҳи истгоҳи метро Боровитская
CC BY-SA 3.0 / A.Savin / Wikimedia / Истгоҳи метро Боровитская дар Маскав
Станция метро Боровицкая в Москве - Sputnik Тоҷикистон
4/9
Истгоҳи метро Боровитская дар Маскав
CC BY-SA 2.0 / Mikhail Shcherbakov / Гузаргоҳ аз истгоҳи "Библиотека имени Ленина" ба "Боровитская "
Переход на станцию Библиотека имени Ленина со станции Боровицкая - Sputnik Тоҷикистон
5/9
Гузаргоҳ аз истгоҳи "Библиотека имени Ленина" ба "Боровитская "
© © SputnikЛавҳаи пурнақшу нигор дар истгоҳи Боровитская
Панно на станции метро Боровицкая - Sputnik Тоҷикистон
6/9
Лавҳаи пурнақшу нигор дар истгоҳи Боровитская
© SputnikЛавҳаи пурнақшу нигор дар истгоҳи Боровитская
Панно на станции метро Боровицкая - Sputnik Тоҷикистон
7/9
Лавҳаи пурнақшу нигор дар истгоҳи Боровитская
© © SputnikЛавҳаи пурнақшу нигор дар истгоҳи Боровитская
Панно на станции метро Боровицкая - Sputnik Тоҷикистон
8/9
Лавҳаи пурнақшу нигор дар истгоҳи Боровитская
CC BY-SA 2.0 / Mikhail Shcherbakov / Даромадгоҳ ба истгоҳи метро Боровитская
Панно на станции метро Боровицкая - Sputnik Тоҷикистон
9/9
Даромадгоҳ ба истгоҳи метро Боровитская
Лентаи хабарҳо
0