Қариб ҳамаи истгоҳҳои метрои Маскав бо як хусусияти вижае сохта шудаанд – бо сангҳои мармар, кошинкорӣ дар деворҳо, қандилҳои дорои шаклҳои гуногун ва дигар хусусиятҳои дорои маъною мазмунҳои гуногун бинандаро ба ҳайрат меоваранд. Ҳатто истгоҳҳои оддӣ аз якдигар бо ягон хусусияташон тафовут доранд.
Дар тарроҳии ҳар як истгоҳ ҳатман як идеяе мақоми хосс дорад: шуҳрати низомӣ, намоиши дастовардҳои илмии даврони Шӯравӣ, иқтисодиёт, фарҳанг, варзиш ва ғайраҳо. Аз ҳама бештар дар деворҳо, долонҳо ва роҳравҳои метро метавон идеяи ягонагии кишвари бузаргро мушоҳида кард.
Шиори асосии дустии халқҳо бештар дар номгузории истгоҳҳо ифода мешавад – “Киевская”, “Белорусская”, “Рижская” ва ғайраҳо, ки дар онҳо мувофиқи номгузориаш фарҳанг, тарзи зиндагӣ ва қаҳрамониҳои халқи он минтақа инъикос шудааст.
Дар баъзе истгоҳҳои метро мафҳумҳои ифодагари ягонагии ҷомеаи Шӯравӣ на он қадар пурра сабт шудаанд. Ҳатто мусофироне, ки садҳо маротиба аз ин истгоҳ баромадаанд, пай набурдаанд ин гуна хусусиятҳоро. Масалан, дар истгоҳи “Театралная” агар бо диққат назар намоем метавон тасвирҳои рақси халқҳои Шӯравиро дид. Аммо дар онҳо рақси ҳама миллатҳои Шӯравӣ дида намешавад.
Ба ҳар ҳол ҳамаи кишварҳои Шӯравиро метавон дар як истгоҳи метро дид. Инҷо гап дар бораи нишон ва ё рамзҳои Шӯравӣ “Дос ва болға”, ки метавон дар ҳама ҷо вохӯрд, намеравад. Ин ҷо гап дар бораи дарахте меравад, ки дар он ҳамаи кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ҷой дода шудаанд ва он зебогии истгоҳи “Боровитская”, яке аз истгоҳҳои марказӣ ва серодамро зиёдтар мегардонад. Бо дидани ин дарахти сершоху барг метавон бо осонӣ пай бурд, ки дар он нақши харитаи ИҶШС тасвир ёфтааст.
Муаллифони ин дастоварди нодир ҳамсарон И.В. Николаев ва М.М. Дедова-Дзедушкинская – акси ин дарахтро чунон моҳирона тасвир кардаанд, ки дар он кишварҳои Шӯравӣ ҷой дода шуда, танаи он аз дохили Кремл берун мешавад. Шохаҳои он инъикосгари ҷумиҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ мебошанд.
Дар баргҳои ин дарахт 15 одам низ аккоси шудаанд, ки намояндагони ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ мебошанд. Зери ҳар як акс номи кишвариҳои Иттиҳод сабт шудаанд.
Миёни онҳо албатта, ки Тоҷикистони Шӯравӣ ҷой дорад. Дар акси ҷавоне, ки баёнгари Тоҷикистони ҷавон аст метавон қиёфаҳои мутаффакирону шоирони тоҷик ба монанди Рӯдакӣ, Носири Хусрав, Абуали ибни Сино ва дигарон, ки меросҳои адабии пурғановате ба насли пасин боқӣ мондаанд. Дар сари намояндаи тоҷик салла ҷой дода шудааст.
Дар акс намояндаи тоҷик хело ҷавон аст, ки шаҳодат аз Тоҷикистони навтаъсису ҷавон мебошад. Ҷумҳури бо шумораи зиёди ҷавононаш, ки қисмати зиёди аҳолиашро ташкил мекунанд аз дигар кишварҳо фарқ мекунад ва ин нишонаи ояндаи дурахшон доштани кишвар мебошад.
Бояд қайд кард, ки дар поёни бинои Кремл, ки аз дохили он дарахти кишварҳои Шӯравӣ берун шудааст хушаҳои гандум акс ёфтаанд, аз боло бошад фазо хиштин тасвир ёфтааст. Ҳамаи ҷузъҳои ин манзара бо ранги сафолӣ тасвир шудаанд ба ҷуз хушаҳои тиллоранг ва фазои болои бино, ки аз хиштҳои зардчатоб оро дода шудааст.
Мутаасифона, дар метрои Маскав то ҳол бо номи Тоҷикистон ва ё Душанбе истгоҳе пайдо нашудааст, аммо сохтумони бо суръати роҳҳои нави метро имкон медиҳад, ки дар оянда ягон истгоҳ бахшида Тоҷикистон пайдо шавад.








