ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Бар асоси додаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ҳаҷми тавлидот дар ин замина 11 дарсад афзоиш ёфт, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
"Рушди 4,4 дарсадии истихроҷи ангишт, 2,1 дарсадии нафти хом ва гази табиӣ, 11 дарсадии рудаҳои фулӯзӣ ва 38 дарсадии маъодин боиси афзоиши тавлидот дар ин замина гардид", - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 960 ҳазор тонна ангишт тавлид шуд, ки ин шумор дар муқоиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 144 ҳазор тонна, ё 15 дарсад афзоишро нишон медиҳад.
Қаблан Заробиддин Файзуллозода, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон гуфт, дар нимсолаи якуми соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 11 миллиарду 923,3 миллион сомонӣ расидааст.
“Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ 56,6 дарсад ба саноати коркард, 23,8 — электроэнергетика ва 19,6 дарсад ба саноати истихроҷ рост меояд”, - изҳор дошт Файзуллозода зимни нишасти матбуотӣ.
Вазир инчунин аз тавлиди маҳсулоти нави саноатӣ тайи шаш моҳи соли ҷорӣ, аз қабили лак, хокаи санг, қолаби зарфҳои пластикӣ, фаршҳои резинӣ, сангчаҳои резинӣ, панҷараи зина аз мармар ва сангҳои ороишӣ барои фасади бино хабар дод.
Вазир: 146 коргоҳи нав ифтитоҳ шуду 181 корхона аз фаъолият монд
Ба иттилои Файзуллозода инчунин дар шаш моҳи аввали соли 2019-ум 146 корхона ва коргоҳи нав бо 1864 ҷойи корӣ ба истифода дода шуд ва шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ 2136 ададро ташкил дод.