ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи чархаи дуюми НБО “Роғун” гуфт, ки он рӯз дур нест, ки Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр ба як давлати нерӯманду пешрафта ва Ватани маҳбуби тоҷикон ба мулки боз ҳам ободу осуда табдил меёбад.
Ба гуфтаи вай, ҳукумати кишвар таъмини истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар қарор дода, барои расидан ба он тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар хоҳад кард.
Баландии сарбанд ва ҳаҷми об дар обанбори "Роғун"-ро ба раисиҷумҳур гуфтанд
“Дар ин лаҳзаҳои таърихӣ бо қаноатмандиву ифтихор иброз медорам, ки бунёди нерӯгоҳи “Роғун” ҳамчун иншооти тақдирсоз натиҷаи орзуву омоли нек, азму иродаи қавӣ, дастгириву пуштибонии самимӣ ва саҳми ватандӯстонаи халқи шарафманди Тоҷикистон мебошад”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Вай таъкид кард, ки бо заҳмати содиқонаи мардуми тоҷик ва корномаи баҳодуронаи фарзандони бонангу номуси миллат дар ояндаи наздиктарин ҳамаи ниятҳои нек ва нақшаҳои созанда амалӣ хоҳанд шуд.
“НБО “Роғун” ояндаи ободи халқи тоҷик, сари баланду рӯи сурхи ҳар фарди Ватан ва кафили болоравии нуфузу обрӯи давлати озоду соҳибихтиёри тоҷикон аст”, - таъкид дош раисҷумҳури кишвар.
Ёдрас мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар рӯзи таҷлил аз 28-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ чархаи дуюми нерӯгоҳи “Роғун”-ро фаъол кард.
Маълум шуд, "Роғун" то имрӯз чӣ қадар нерӯи барқ тавлид кардааст
Ӯ зикр намуд, чархаи аввали нерӯгоҳи Роғун моҳи ноябри соли гузашта ба истифода дода шуд. Ба гуфтаи раисиҷумҳур аз он рӯз вақти зиёде нагузаштааст, вале то имрӯз дар нерӯгоҳ 570 миллион киловат соат неруи барқ истеҳсол гардид. Раисиҷумҳур таъкид намуд, ки корҳои бузург ҳанӯз дар пешанд ва аз масъулин даъват намуд, ки пулҳои ҷудошударо самаранок истифода баранду сохтмонро бо сифати баланд анҷом диҳанд.