Президент: 1 тавсияи асосии коршиносони байналмилалӣ бо харҷи 2,8 миллиард иҷро шуд

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз иҷро шудани яке аз тавсияҳои асосии коршиносони байналмилалӣ дар самти бехатарии фаъолияти нерӯгоҳи “Роғун” хабар дод

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар майдони сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” гуфт, мехоҳам махсус зикр намоям, ки то имрӯз яке аз иншооти муҳими нерӯгоҳ – нақби обпартои сеюм бунёд карда шуд.

Национальный банк Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон тавсия дод, ки сиёсати андозро бознигарӣ кунад

“Нақби обпартои сеюм - яке аз тавсияҳои асосии коршиносони байналмилалӣ дар самти таъмин намудани бехатарии фаъолияти нерӯгоҳ ҳангоми серобии эҳтимолӣ бо насби дарвозаҳои сегментии таъмирӣ, садамавӣ ва асосӣ бунёд карда шуд ва мо чанд лаҳза пештар шоҳиди ба истифода додани он гардидем”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон. 

Раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ин нақб бо қутри 15 метр ва дарозии 1,8 километр дар як сония имконияти гузаронидани 3500 метри мукааб обро дошта, ба маблағи 2,8 миллиард сомонӣ бунёд гардидааст.

Ним тухму 25 грамм моҳӣ: Ҳукумат ғизои якрӯзаи шаҳрвандонро тавсия дод

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар нақбҳо ин нахустин нақбе мебошад, ки дар доираи бунёди нерӯгоҳ дар даврони Истиқлол сохта шудааст.

Общество студентов Таджикистана МОСТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дастурамали либоси занон таҳия шуд: тавсия алайҳи сатр, топик, нимдоман, деколте ва калӯш

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод, нақби сохтмонии СТ-4 дар маҷмӯъ, бо дарназардошти баромадгоҳаш 1798 метр дарозӣ дорад ва иқтидори обгузаронии он 3500 метри мукааб дар як сонияро ташкил мекунад.

Манбаъ афзуд, нақби обпартои сохтмонии СТ-4 барои партофтани об дар давраи серобӣ дар ҷараёни сохтмони нерӯгоҳ аз сатҳи 1090 метр то 1210 метр хизмат мерасонад.

Ду нақби обпартои болоӣ, ки аз сатҳи 1190 метр сохта мешаванд, ба шохаҳои СТ-4 мепайванданд ва қобилияти обгузаронии ҳар кадом аз онҳо 1750 метри мукаабро дар як сония ташкил мекунад, илова намуд дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Лентаи хабарҳо
0