Норов раисиҷумҳури Тоҷикистонро аз асосгузорони СҲШ хонд

© AP Photo / Stephen CherninВладимир Норов
Владимир Норов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Владимир Норов, дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай бо ирсоли барқияи табрикӣ ба раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, тоҷикистониҳоро бо 28-умин солагарди Истиқлоли давлатӣ шодбош гуфтааст

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Норов дар паёмаш ба Эмомалӣ Раҳмон зикр кардааст, ки  халқи Тоҷикистон бо интихоби таърихии худ роҳи бунёди давлати нав ва мустақилро пеш гирифт.

Президент РФ В. Путин принимает участие в заседании Высшего Евразийского экономического совета - Sputnik Тоҷикистон
Номаи Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон

“Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар муддати кӯтоҳ ба ҳадафҳои асосии стратегӣ – истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амнияти озуқаворӣ ноил гардида, таҳкими давлатдориро устуворона идома дода, дар самти иҷтимоиву иқтисодӣ рушд мекунад”, - омадааст дар паёми шодбошӣ.

Бар асоси иттилоияи нашркардаи котиботи раисиҷумҳур, Владимир Норов дар паёмаш изҳор доштааст, Тоҷикистон роҳи аввали ташаккули давлатдориро тай намуда, дар роҳи рушди рӯзафзун пеш меравад.

Бахтиёр Ҳакимов: чандин кишвар барои узвият ба СҲШ дархост карданд

“Дар самтҳои суботи сиёсӣ, рушди иқтисодиёт ва энергетика, беҳтар кардани зиндагии мардум ва боло бардоштани нуфузи байналмилалии давлат муваффақиятҳои калонро ба даст оварда, дар кори давлатсозӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид”, - тавсиф намудааст Норов аз дастовардҳои Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Ҷумъахон Ғиёсов рутбаи генералӣ дод - Sputnik Тоҷикистон
Ҷумъахон Ғиёсов рутбаи генералӣ гирифт

Ӯ дар идома Эмомалӣ Раҳмонро яке аз асосгузорон хондааст, дар саргаҳи пайдоиши Созмони Ҳамкории Шанхай қарор дошта, пайваста ба рушди он таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад.

“Нақши Шумо дар пешбурди нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ, дар таҳкими дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамгироии кишварҳои аъзои СҲШ далели раднопазир аст. Пешниҳодҳои амиқи андешакоронаи Шумо мундариҷаи фаъолияти бисёрҷонибаи Созмонро ғанӣ месозанд ва дар кори таҳкими СҲШ ҳамчун як иттиҳодияи бонуфузи байналмилалӣ саҳми бузург мегузоранд”, - омадааст дар паёми Норов ба Раҳмон.

“Кохи Наврӯз” ба феҳристи “8 муъҷизаи Созмони Ҳамкории Шанхай” ворид шуд

Дабири кулли СҲШ ба Эмомалӣ Раҳмон саломатии бардавому дар фаъолияташ муваффақиятҳои калон ва ба мардуми бародар ва меҳмондӯсти Тоҷикистон бурдборию шукуфоӣ таманно намудаст.

Лентаи хабарҳо
0