Ҷумъахон Ғиёсов рутбаи генералӣ гирифт

© дафтари матбути раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Ҷумъахон Ғиёсов рутбаи генералӣ дод
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Ҷумъахон Ғиёсов рутбаи генералӣ дод - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз ба Ҷумъахон Ғиёсов, сардори Кумитаи минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай рутбаи генералӣ дод

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Ҷумъахон Ғиёсов ки шурӯъ аз 1 январи соли равон раҳбарии Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхайро бар уҳда дорад, имрӯз аз дасти раисиҷумҳур рутбаи генералӣ гирифт.

Мужчина закрывает портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тасмими президентҳо: собиқ корманди КДАМ Тоҷикистон мансабдори байналмилалӣ шуд

Бар асоси қарори Шӯрои раҳбарони кишварҳои узви СҲШ раиси Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии мубориза бо терроризми ин созмон, ки қароргоҳаш дар Тошканд аст, намояндаи Тоҷикистон Ҷумъахон Ғиёсов таъйин гардида буд ва аз аввали соли равон дар ин мақом кор мекунад.

Ғиёсов солҳои 2017-2018 дар вазифаи муовини Раиси кумитаи иҷроияи ин сохтор кор карда, пеш аз он дар КДАМ ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон кор кардааст.

Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ соли 2004 таъсис шуда, дар шаҳри Тошканд амал мекунад. Давоми ду соли гузашта раҳбарии ин сохторро намояндаи Русия Евгений Сисоев буд.

Служба в мечети, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Беш аз 400 шаҳрванди ҶТ ғайриқонунӣ дар мадрасаҳои мазҳабии хориҷӣ таҳсил мекунанд

Ёдрас мешавем, ки шурӯъ аз 1 январи соли 2019 бар асоси қарори шӯрои раҳбарони кишварҳои узви СҲШ  ба вазифаи Дабири кулли ин созмон намояндаи Узбакистон Владимир Норов таъин шуд.

Норов дар гузашта раиси Пажӯҳишгоҳи мутолеоти стратегии назди Президенти Узбакистон ва Вазири корҳои  хориҷии ин кишвар кор кардааст. Норов дар ин мақом  намояндаи Тоҷикистон Рашид Олимовро иваз кард.

Дар ҳоли ҳозир Чин, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон,  Ҳиндустон ва  Покистон узви комилҳуқуқи Созмони ҳамкории Шанхай мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0