ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Дар толори “Кохи фарҳанги Суғдиён” Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон ба зиёда аз 50 нафар фаъолони касбу кори гуногуни шаҳри Хуҷанд Ифтихорномаи мақомоти шаҳри Хуҷанд тақдим намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд иттилоъ додааст.
Гуфта мешавад, ки беш аз 50 нафар шахсони фаъоли касбу кори гуногуни шаҳри Хуҷанд, ки дар роҳи пешбурди меҳнати содиқона ба нафъи давлату миллат, рушду пешрафти ҷомеа ва дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ, иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ доштанд, аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қадрдонӣ гардиданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд зимни суханрониаш қайд намудааст, ки сарфарозгардонӣ бо мукофоти давлатӣ шакли олии қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба ашхоси алоҳидаи заҳматпеша мебошад.
“Дар ин радиф, имрӯз аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд як қатор фаъолон барои меҳнати пурсамар дар роҳи рушду пешрафти ҷомеа ва корҳои ободонию созандагӣ бо ифтихорнома қадрдонӣ карда мешаванд”, -таъкид дошт вай.
Ёдрас мешавем, ки имрӯз Эмомалӣ раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон ба 42 мутахассису сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии “Роғун” мукфотҳои давлатӣ супорид.