ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу зимни нишасти ҳукуматӣ сарвазири Бритониёро на Борис Ҷонсон балки Борис Елтсин ном бурд.
Netanyahu tells the cabinet he met UK PM Boris *Yeltsin* 🤦🏻♀️
— Noa Landau נעה לנדאו (@noa_landau) 8 сентября 2019 г.
pic.twitter.com/joWFiDGV2t
Чуноне The Jerusalem Post хабар медиҳад, ин ҳодисаи хандаовар дар нишасти ҳукуматӣ ба вуқӯъ пайваста тариқи шабакаҳои давлатӣ пахш шудааст.
"Ман аз сафари бисёр хуш аз Лондон бозгаштам. Он ҷо бо сарвазир Борис Елтсин ва вазири дифоъи ИМА дидор кардам.", - изҳор дошт Нетаняҳу.
Халабон парешонҳол кард: ҳамсари Нетаняҳу нону намаки Украинаро зери по кард - навор
Аҳли нишаст дарҳол ӯро ислоҳ карданд. Раҳбари ҳукумат табассум кард ва афзуд, ки таваҷҷӯҳи зердастонашро санҷид, ки оё гӯш доранд ё не.
Навори рақси мурғи Нетаняҳу бо барандаи Евровидения-Нетта
Борис Ҷонсон моҳи июни ҳамин сол нахуствазири Бритониё шуд. Борис Елтсин аз соли 1991 то 1999 президенти Русия буд. Ӯ соли 2007 даргузашт.