Эмомалӣ Раҳмон ба Борис Ҷонсон барқияи табрикотӣ ирсол намуд

© AP / Frank AugsteinБорис Джонсон
Борис Джонсон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба сарвазири тозаинтихоби Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ барқияи шодбошӣ ирсол кард

ДУШАНБЕ, 24 июл – Sputnik. Имрӯз кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазири тозаинтихоби Бритониё Борис Ҷонсон барқияи табрикӣ ирсол намуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар мактуби шодбошӣ сарвазири тозаинтихобро муборакбор гуфта, изҳори умедворӣ кардааст, ки муносибатҳои ду кишвар густариш меёбанд.

"Ҷаноби Олӣ, бо камоли сарфарозӣ Шуморо ба муносибати интихоб гардиданатон ба вазифаи Роҳбари Ҳизби консерваторон ва ба даст гирифтани зимоми умури маснади олӣ — Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ — самимона табрику таҳният мегӯям. Мо густаришу таъмиқи равобити ҳамкориро бо Британияи Кабир дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии давлати худ медонем”, - омадааст дар барқияи шодбошӣ

Зимнан Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки ҷониби Тоҷикистон  омода аст, ки барои таҳкими ҳарчи бештари муносибатҳо бо Бритониё дар сатҳҳои мухталиф саъю кӯшишҳои заруриро ба харҷ диҳад.

Тереза Мэй сарвазири Британияи Кабир аз ба истеъфо рафтанаш хабар дод

Бо ибрози беҳтарин орзую таманниёт ба Шумо, ҷаноби Сарвазир, тансиҳативу саодатмандӣ ва дар ҷодаи амалӣ намудани вазифаи пурмасъулияти наватон муваффақиятҳо, ба мардуми кишвари дӯсти Британияи Кабир амну амонӣ ва пешрафту шукуфоӣ хоҳонам, афзудааст Эмомалӣ Раҳмон.

Лентаи хабарҳо
0