Дар Ашқобод нишасти Шӯрои иқтисодии ИДМ баргузор мешавад

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкПарчами кишварҳои узви ИДМ. Акс аз бойгонӣ
Парчами кишварҳои узви ИДМ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Туркманистон имсол мизбони баргузории нишасти иқтисодии ИДМ хоҳад буд

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Интизор меравад, рӯзи 13 сентябр дар шаҳри Ашқобод нишасти Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардад, иттилоъ медиҳад хабаргузории КирТАГ бо истинод ба хабаргузории Тренд.

Флаги государств СНГ  - Sputnik Тоҷикистон
Нишасти сарони кишварҳои ҳамсуд дар Ашқобод баргузор мегардад
Масъалаи баргузории нишасти Шӯрои иқтисодии ИДМ ахиран дар Вазорати умури хориҷаи Туркманистон дар дидор бо Виктор Гуминский, нахустмуовини раиси кумитаи иҷроияи ИДМ баррасӣ шуд.

Баррасии барӯйхатгирии аҳолии ИДМ дар Бишкек

Ҳамчунин, масоили марбут ба омодаёбӣ ба нишасти Шӯрои вазирони ИДМ  рӯзи 10 октябри соли равон ва Шӯрои сарони ИДМ рӯзи 11 октябри соли равон мавриди баррасӣ қарор ёфт.
Туркманистон имсол раёсати нишасти иқтисоди  ИДМ-ро бар дӯш дорад.

Роҳбарони гумруки кишварҳои ИДМ дар Маскав тақвияти ҳамкориҳоро баррасӣ карданд

Ёдовар мешавем, ки Шӯрои иқтисодии ИДМ моҳи апрели соли 1999 таъсис ёфта буд. Ин шӯро дар заминаҳои таҳияи пешниҳодҳо дар бораи сомонаҳои ҳисоби муқобила ва пардохтҳои бозаргонӣ, эҷоди шароити ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, ва созмонӣ барои гузор ба сатҳҳои беҳтари ҳамкории иқтисодӣ фаъолият дорад.

Лентаи хабарҳо
0