ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Рӯзи 11 октябри соли ҷорӣ дар Ашқобод ҷаласаи Шӯрои сарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.
Манбаъ афзудааст, ки замони нишасти сарони кишварҳои иттиҳод дар Барномаи тадобири ъамалисозии Консепсияи раёсати Туркманистон дар ИДМ дар соли 2019 сабт шудааст. Нахустин тадбири ИДМ дар Ашқобод – Нишасти намояндагони илмӣ ва ҳунарии кишварҳои узви иттиҳод рӯзҳои 15-16 май баргузор мешавад.
Дар Консепсияи раёсати Туркманистон болобарии сатҳи ҳамкории ИДМ бо созмонҳои байналмилалӣ, эҷоди шароит барои фаъолсозии ҳамкории бозаргониву иқтисодӣ ва равобити иқтисодии ҷаҳонӣ ҳамчун аҳдофи аввалият муайян шудаанд.
Энержӣ, таробарӣ ва иртиботот аз заминаҳои калидии ҳамкории мушорикатӣ дар ИДМ маҳсуб гардидаанд.