ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Вазорати санъат ва тиҷорати Афғонистон ахиран эълом кард, ки Афғонистон барои аввалин бор аз масири бандари Чобаҳор – Кобул ба Ҳинд мева содир кардааст ва интизор меравад, ки содирот аз ин масир афзоиш ёбад, иттилоъ додааст хабаргузории Parstoday.
Вазорати санъат ва тиҷорати Афғонистон таъкид намудааст, ки ирсоли ин маҳмула, ки бо убур аз чандин вилояти ин кишвар, аз масири Нимрӯз ба бандари Чобаҳори Эрон мунтақил ва аз он ҷо ба шаҳри Бомбаии Ҳинд содир шуда, озмоишӣ будааст.
Самир Расо, сухангӯи Вазорати санъат ва тиҷорати Афғонистон содирот аз ин масирро як таҷрибаи хуб унвон кард ва афзуд, ки Афғонистон дар оянда аз ин масир содироти бештаре хоҳад дошт.
Вазири тоҷик бандари Чобаҳори Эронро ояндадор хонд
Аҷмал Аҳмадӣ, вазири санъат ва тиҷорати Афғонистон дар сафҳаи Твиттер навишт, қарор аст, ки мизони содирот аз масири бандари Чобаҳор дар се ҳафтаи оянда ба 100 тон афзоиш ёбад.
Вай бо ишора ба ин ки мизони содироти Афғонистон аз масири Чобаҳор то кунун ба 700 тон расидааст, гуфт, ба зудӣ Афғонистон содироти анору себро низ аз масири Чобаҳор ба Ҳинд оғоз хоҳад кард.
Ёдрас мешавем, ки Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон пешниҳоди ҷониби Эронро барои истифода аз бандари Чобаҳор тасдиқ карда, изҳор дошт, ки феълан Ҳукумат тасмими дақиқ дар бораи ин бандарро қабул накардааст.
Муҳриддин зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, Чобаҳор бандари ояндадор аст ва Ҳукумати Эрон талош дорад, ки кишварҳои минтақа аз он истифода барад.
Вазир таъкид кард, ки дар маҷмуъ Тоҷикистон ҷонибдори ҳар иқдомест, ки ба фоидаи иқтисоди кишвар мебошад, аммо дар мавриди Чобаҳор феълан тасмими мушаххасе қабул нашудааст.
Шералӣ Ганҷалзода, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон, гуфт, моҳи феврали соли равон дар ҷаласаи охирини Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ – “ЭКО” ҳукумати Эрон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки роҳ ба баҳр надоранд ва бо роҳҳои заминӣ маҳдуд шудаанд, хостааст, ба ин бандар оянд ва ройгон барои худ ҷой иҷора гиранд. Вай афзуд, Тоҷикистон ҳоло аз тариқи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ин мавзӯъро пайгирӣ мекунад.