Бунёди бинои 1,5 миллионӣ ва тақдими 32 аробача ба афроди имконияташон маҳдуд

© Sputnik / Александр Уткин / Гузариш ба медиабонкИнвалид-колясочник. Архивное фото
Инвалид-колясочник. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати вилояти Хатлон аз ифтитоҳи бинои нави Раёсати Ожонси ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақа дар маркази ноҳияи Дӯстӣ хабар дод

ДУШАНБЕ, 8 сен - Sputnik. Тибқи иттилоияи ҳукумати Хатлон, сохтмони бинои мазкур моҳи октябри соли 2016 оғоз гардида, аз ҷониби идораи сохтмони иншооти Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳур бо 1 миллиону  500 ҳазор сомонӣ дар арафаи 28-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода шуд.

Рабочие на строящемся объекте - Sputnik Тоҷикистон
Гузориши раиси ноҳия: соҳибкорон дар Дӯстӣ чиро бунёд карданд?

“Бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда дар он 10 утоқи корӣ ва дар таҳхонаи бино бойгонӣ ҷойгир шудааст. Ҳайати 12-нафарbи кормандони ин корхона аз шароити фароҳамшуда изҳори хушнудӣ намуданд”, - омадааст дар иттилоия.

Котиботи ҳукумати Хатлон афзуд, ки ба истиқбол аз 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамчунин ба 32 нафар шахсони имконияташон маҳдуд аз ҷониби Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии мамлакат аробачаҳои маъюбӣ дастрас карда шуд. 

Ахиран Нурмуҳаммад Саидзода, раиси ноҳияи Дӯстӣ аз соҳибкорони ноҳия тавсиф кард, ки дар пайи даъвати роҳбари давлат барои ободкорӣ сармоягузорӣ карда истодаанд.

Чиро сохту ба кӣ чанд сомонӣ кумак кард? Кумита хизматҳои Шамсулло Соҳибовро гуфт

Тибқи иттилои раиси ноҳияи Дӯстӣ, бахшида ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия бунёду азнавсозии 161 иншооти таъйиноташ гуногун, таҷдиду навсозии роҳҳо ба нақша гирифта шудааст. Аз ин теъдод 40 иншоот бо маблағгузории соҳибкорон ва буҷети маҳаллӣ ба истифода супурда шуд, хабар додааст рӯзномаи “Ҷумҳурият”.

Манбаъ афзудааст, ки роҳбарии гурӯҳи кориро дар ноҳия намояндаи Ҳукумат, мудири Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод Сулаймон Султонзода ба уҳда дорад.

Лентаи хабарҳо
0