Дар Тоҷикистон имсол 21 макотиби нав сохта шуд

Обуна шудан
Сар аз соли ҷорӣ дар қаламрави ҷумҳури 21 макотиб сохта ва ба истифода дода шуд

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik.  Давоми моҳҳои январ- июли соли равон дар Тоҷикистон 21 адад мактабҳои муосир сохта ва ба истифода дода шуданд, хабар медиҳад агентии Авеста.

Эмомали Рахмон в Бальджувонском районе Хатлонской области сдал в эксплуатацию автомобильную дорогу Кангурт — Бальджувон — Ховалинг - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ба Ховалинг рафт: сафари кории Президент ба ин ноҳия бо ифтитоҳи мактаб оғоз ёфт

Бар хабари манбаъ, дар муассисаҳои тозабунёд, наздики  6 230  хонанда метавонанд ба таҳсил фаро гирифта шаванд.

Манбаъ меафзояд, муассисаҳои муосир дар манотиқи Хатлону Суғд ва ҳамчунин шаҳри Душанбе сохта шуда то оғози мавсими хониш ба истифода дода шуданд.

Гузашта аз ин қайд мегардад, ки давоми ҳамин муддат 39 адад бунгоҳи тиббӣ низ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Бунгоҳҳои тиббӣ низ барои сокинони манотиқи Суғду Хатлон сохта шуданд.

Раисиҷумҳур ва раиси Душанбе дар ноҳияи Сино бинои иловагии мактаби 50-ро ифтитоҳ карданд

Зимнан ду беморхона бо 24 ҷой ва се муассисаҳои таълимии томактабӣ барои 280 муҳассилин сохта мавриди истифода қарор гирифтанд.

Лентаи хабарҳо
0