ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Ҳамлагари ниқобпӯш ба роҳрави хонаи раиси Комиссияи марказии интихоботи Русия дар наздикии шаҳри Маскав роҳ ёфта, бо дастгоҳи барқзананда – “электрошокер” чанд бор ба сараш задааст, хабар додааст РИА Новости.
Манбаъ бо такя ба Вазорати умури дохилии Русия иттилоъ додааст, ки қазия шаби панҷшанбе ба ҷумъа дар ҳавзаи шаҳрии Истра рух додааст. Нафари ҳамлагар чанд бор ба сари Памфилова зада гурехтааст.
Шабакаи Telegram-канал Baza, навиштааст, ки бахти Памфилова баландӣ кардааст, чун ҳамлагар зоҳиран ба кор даровардани дастгоҳи барқзанро фаромуш кардаасту танҳо якчанд зарба задааст.
Манбаъ таъкид кардааст, ки аз хона чизе гум нашудааст. Зикр шудааст, ки ҷинояткор ба роҳрави хона тариқи тиреза ворид шудааст.
Рақобати рекордӣ: оғози интихоботи президентӣ дар Украина
Вазорати умури дохилии Русия аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, маъмурини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тафсилоти ҳодисаро таҳқиқ доранд.
Манобеъ таъкид намудаанд, ки феълан ба саломатии Памфилова таҳдиде нест ва ӯ сиҳат асту дар конфронси байналмилалӣ иштирок дорад.