Киро Владимир Путин ба ҷои "худ" сазовор медонад?

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин, архивное фото
Президент РФ В. Путин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сухангӯи президенти Русия, Дмитрий Песков дар бораи кредои сиёсии Владимир Путин гуфт.

ДУШАНБЕ, 6 апр – Sputnik. Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков дар бораи кредои сиёсии Владимир Путин нақл кард. Дар ин бора РИА Новости менависад.

Песков қайд карда, ки барои Путин барномаи мукаммали амалишавандае муҳим аст, ки номзад дар барномаи пеш аз интихоботии худ ироа кунад.

"Барои Путин пеш аз ҳама натиҷаи кори воқеъӣ, дуюм на барномаҳои нимварақа, балки барномаи мукаммали амалишавандае, ки номзад дар ин ё он навъи интихобот пешниҳод кунад. Ҳамин доиман кредои сиёсии Путин буд ва ҳаст",-гуфт сухангӯи раҳбари давлат.

Государственный флаг Таджикистана на флагштоке в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури "ояндаи" Русия дар бораи Тоҷикистон чӣ медонад

Песков қайд кард, ки раҳбари кунунии давлат ба барномаи пеш аз интихоботии худ ва ба мардум расонидани он, ҷиддӣ муносибат мекунад.

Ӯ илова кард, ки маҳз чунин барномаҳо миёни мардум дастгирӣ меёбанд.

"Президенти кунунии кишар бар ин аст, ки барои ӯ беҳтарин барномаи пеш аз интихобӣ ин натиҷаи корҳояш мебошад. Маҳз бо натиҷаи кори худ ӯ то имрӯз такя мекард ва бо он бо мувафаққият дар чанд интихобот пирӯз шуд.... Ва шумо медонед ҳамин кредо боиси дастгирии ӯ аз ҷониби аксарияти мардум мегардад",-гуфт Песков.

Лентаи хабарҳо
0