ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқа дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон оғоз гардида, аз рӯи равияҳои шоҳмоти классикӣ, рапид ва блитс то 11 сентябр идома меёбад.
“Сабрина Абророва дар рӯзи аввал, дар равияи рапид - босуръат 7 бозӣ анҷом дода, дар 5 бозӣ бар 3 намоянда аз Ҳиндустон ва варзишгарони Узбакистону Шри Ланка ғалаба карда, як бозиро бо варзишгари дигари Ҳиндустон мусовӣ кард”, - омадааст дар иттилоияи Кумита.
Манбаъ афзуд, Абророва дар як бозии калидӣ аз ғолиби ин равия Роҳилла Шивика аз Ҳиндустон мағлуб шуд ва ҷои дуюмро ишғол намуд.
Дар чемпионат 336 шоҳмотбоз аз 10 давлат АМА, Бангладеш, Қазоқистон, Қирғизистон, Непал, Тоҷикистон, Узбакистон, Ҳиндустон, Шри Ланка ва Эрон иштирок доранд.
Шоҳмотбози тоҷик дар Қирғизистон медали тилло гирифт
Қаблан Абророва дар 5-умин Бозиҳои ҷаҳонии наврасон – “World Junior Compatriot Games”, ки дар шаҳри Ханти-Мансийски Русия баргузор шуд, соҳиби медали тилло гашта буд.
Медали тиллоро Сабрина Абророва баъди он ба даст овард, ки дар 11 даври мусобиқа соҳиби 10.5 хол гардид. Ӯ дар 10 давр ғалаба карда, 1 бозиро мусовӣ анҷом дода буд.