Беҳтаринҳои футболи тоҷик дар моҳи август муайян шуданд

© Sputnik / Стас ЭтвешФутболист на поле, архивное фото
Футболист на поле, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи баҳогузории ҳакамон, беҳтарин футболбози моҳи гузашта Алишер Ҷалилов ниммуҳофизатгари дастаи "Истиқлол" дониста шуд

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik.  Ахиран лигаи футболи Тоҷикистон ҷоизадорон ва беҳтаринҳои моҳи августро муайян ва эълон кард, хабар медиҳад сомонаи "Варзиш".

Футбольный мяч на поле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Иштирокдорони даври нимниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон муайян гардиданд

Бар хабари манбаъ, моҳи қаблӣ  се бозии Лигаи олӣ ва инчунин бозиҳои даври 1/8 ва ¼ ниҳоии Ҷоми кишвар баргузор шуданд.

Финал: Анушервони Рустам 2 гол заду “Спартак” Ҷоми Президентро гирифт-акс

Тибқи баҳодиҳии ҳакамон беҳтарин футболбози моҳи гузашта ниммуҳофизатгари 26 солаи дастаи "Истиқлол" – Алишер Ҷалилов номбурда шуд.

Ҷоизаи беҳтарин сармураббиро бошад, коршиноси украинии бошгоҳи КМВА "Помир" Сергей Житский соҳиб шуд. Бо роҳбарии ин мутахассис бошгоҳи КМВА 2Помир" дар моҳи август се ғолибият ба даст овардааст.

Насим Ҳомидов барои иштибоҳкорӣ аз ҳаққи доварӣ маҳрум шуд

Гуфта мешавад, ҷоизаҳо ба соҳибонашон пеш аз бозии даври навбатии Лигаи олӣ тақдим карда мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0