Оғози пахтачинӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва тавсияҳои Аҳмадзода ба пахтачинон

Обуна шудан
пахтачинон Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд зимни боздиди корӣ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта ҳусни оғоз бахшид.

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст,  Раҷаббой Аҳмадзода дирӯз нахуст бо фаъолияти ҶСК ба номи Абдураҳим Ҷумъаев ва Кооперативи тиҷоратии ба номи А. Қушатов ошно шуда, ба маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта ҳусни оғоз бахшид.

Раиси вилоят зимни суханрониаш таъкид намудааст, ки саҳми кишоварзону пахтакорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар таъмини амнияти озуқавории кишвар назаррас мебошад.

Хлопок, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон гардишгаронро "пахтачинӣ" мебаранд: хатсайри нави сайёҳӣ

“Дар ноҳия зиёда аз 3500 хоҷагии пахтакор мавҷуд буда, соли ҷорӣ дар  8200 гектар пахта кишт карда шудааст ва пахтакорон азм доранд, ки беш аз 17000 тонна “тиллои сафед” истеҳсол намоянд”, - иттилоъ додааст манбаъ.

Инчунин, тибқи иттилои манбаъ, раиси вилоят дар суҳбат бо кишоварзон барои муташаккилона гузаронидани маъракаи пахтачинӣ тавсияҳои судманд дода, иброз дошт, ки бояд дастранҷи марди деҳқон пурра ҷамъоварӣ карда шавад.

Ёдрас мешавем, ки бо мақсади сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта ва ҳамоҳангсозии фаъолияти идора, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 8 августи соли равон Ситоди вилоятии “Ҳосил-2019” таъсис дода шудааст.

Дар асоси қарори мазкур миёни ноҳияҳои пахтакор ва хоҷагиҳои кишоварзӣ мусобиқаҳои меҳнатӣ ташкил мегардад.

 Ҷамъбасти мусобиқаҳо давраи аввали маъракаи пахтачинӣ 1 октябр сурат гирифта, давраҳои минбаъдаи он ҳар 20 рӯза ҷамъбаст ва ба шарафи ғолибон дар маркази вилоят Парчами шараф барафрохта хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0