ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати молия, созишномаро аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон, Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи кишвар ва аз тарафи Бонки исломии рушд, мудири минтақавии ин бонк дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Ҳишам Маъруф ба имзо расонданд.
Манбаъ дар феҳрасти созишномаҳои имзошуда “Беҳтар намудани хизматрасонӣ барои саломатии модарон, навзодон ва кӯдакон дар чор ноҳияи вилояти Хатлон” ва “Беҳтар намудани идоракунии захираҳои обӣ дар вилояти Хатлон” ном бурдааст.
Созишнома барои “Беҳтар намудани идоракунии захираҳои обӣ дар вилояти Хатлон” қарзӣ буда, маблағи умумии он 53,5 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Вазорат ҳадафи ин лоиҳаро беҳтар намудани вазъи шароити зиндагии сокинони деҳот тавассути беҳтар намудани идоракунии захираҳои обие гуфтааст, ки ба тағйирёбии иқлим устувор мебошанд.
Созишнома барои беҳтар намудани хизматрасонӣ барои саломатии модарон, навзодон ва кӯдакон дар чор ноҳияи вилояти Хатлон 26,87 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Мақсади Лоиҳа ин таҷдид ва таҷҳизонидани муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин насби таҷҳизоти муосир дар марказҳои тиббӣ дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ва баланд бардоштани иқтидори кормандони тиб тавассути баргузории курсҳои омӯзишӣ арзёбӣ гардид.
Вазорат афзуд, ки инчунин, Бонки исломии рушд маблағи 280 ҳазор доллар ва Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ 100 ҳазор долларро барои таҳияи асосноккунии техникиву иқтисодии лоиҳа ҷиҳати таъсиси кластерҳо барои коркарди меваю сабзавот дар вилояти Суғд ва шаҳрҳои Кӯлобу Ҳисор ихтисос додаанд.