Дар Тоҷикистон беш аз 3 миллиард доллар барои татбиқи 70 лоиҳа масраф мешавад

© PixabayЭкономический рост, архивное фото
Экономический рост, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Айни замон дар Тоҷикистон 70 лоиҳа ба маблағи 31,9 миллиард сомонӣ ё муодил ба 3,38 миллиард доллар амалӣ гардида истодааст.

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik.  Муовини аввали Сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид доир ба ҷараёни татбиқи  лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар семоҳаи аввали соли равон дар пойтахти кишвар ҷаласа баргузор кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ.

Амонатбанк и Госбанк развития Китая обсудили кредитную линию в юани  - Sputnik Тоҷикистон
"Амонатбонк" барои дастгирии лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз Бонки Чин бо юан қарз мегирад

Бино бар иттилои манбаъ, дар ҷаласаи мазкур роҳбарони вазорату идораҳо, агентиҳои иҷроия ва марказҳои татбиқи лоиҳаҳо иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур зикр гардидааст, ки дар таркиби маҷмӯи лоиҳаҳои амалкунанда маблағҳои қарзӣ 16,6 миллард сомонӣ,  маблағҳои грантӣ 13,8 миллиард сомонӣ, саҳми Ҳукумати Тоҷикистон 1,37 миллиард сомонӣ ва дигар сарчашмаҳо, аз ҷумла саҳми корхонаҳои давлатии ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳо (бенефитсиарҳо) 162,3 миллион сомониро ташкил медиҳад.

“Манбаи маблағгузории маҷмӯи (портфели) лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда асосан аз сарчашмаҳои Бонки Осиёгии Рушд 889,6 миллион доллар, Бонки ҷаҳонӣ 579,8 миллион  доллар, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 506,4 миллион доллар, Чин 479,4 миллион доллар, Бонки Исломии Рушд 149,4 миллион доллар, Бонки аврупоии сармоягузорӣ 89,1 миллион доллар, Бонки осиёгии сармоягузориҳои инфрасохторӣ 87,5 милион доллар, Фонди саудии рушд 85 миллион доллар ва Бонки германии рушд 70,9 миллион доллар асос ёфтаанд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Манбаъ қайд намудаат, ки дар зарфи се моҳи аввали соли равон дар доираи лоиҳаҳои татбиқшаванда 669,9 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст, ки ин дар маҷмӯъ ба 96 фоизи нақшаи молиявии давраи ҳисоботӣ баробар аст.

Министр экономического развития и торговли Таджикистана Негматулло Хикматуллозода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аз ҳамкорӣ то сармоягузорӣ ба иқтисод: шарҳи Ҳикматуллозода аз ҳамкорӣ бо Русия

Инчунин, дар ҷаласаи мазкур роҳбарони агентиҳои иҷроия ва татбиқкунанда доир ба ҷараёни татбиқ ва азхудкунии воситаҳои молиявии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар давраи ҳисоботӣ, мушкилот ва камбудию норасоиҳои ҷойдошта ва тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати ҳалли онҳо гузориш доданд.

Дар фарҷоми ҷаласа муовини аввали Сарвазири кишвар барои бартараф намудани камбудиҳо ба агентиҳои иҷроия ва татбиқкунандаи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва вазорату идораҳои марбута супоришҳои мушаххас дод.

 

Лентаи хабарҳо
0