ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Абдуманап Нурмуҳаммедов, падар ва муррабии Ҳабиб маблағи ҳаққи писараш аз рақобат бо Дастин Пуаре, варзишкори амрикоиро гуфт, навиштааст “Спорт-Экспресс”.
“Гонорари Ҳабиб дар рақобат бо Пуаре аз пули гирифтааш дар сабқат бо Макгрегор ҳудуди 3-3,5 баробар бештар мебошад. Мо барои майда-чуйда ба майдон намебароем, қимати худро медонем. Ду миллионе, ки аз сабқат бо Конор гирифтем – ин барои мо кам аст. Зеро мо феълан беҳтаринем. Беҳтаринҳоро задему омодаем дар оянда низ бо беҳтаринҳо қувваозмоӣ кунем”, - изҳор доштааст Нурмуҳаммедови калонӣ.
Ӯ таъкид намудааст, ки феълан писараш машҳур асту ин рӯзи рақобат бо Пуаре аз истиқболи мухлисон низ маълум хоҳад шуд.
Муҳорибаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов қаҳрамони UFC дар вазни сабук ва варзишкори амрикоӣ Дастин Пуаре дар шаҳри Абу-Дабӣ барузор мешавад. Нурмуҳаммедов мегӯяд, ҳатман рақиби худро мағлуб намуда, камарбанди қаҳрамонияшро дифоъ мекунад.
Зимнан аксари варзишкорони ботаҷриба бар ин боваранд, ки Дастин Пуаре бо Нурмуҳаммадов рақобат карда наметавонад. Ба андешаи онҳо, Пуаре малакаи зарбарасонии хуб дорад, аммо дар рӯбарӯ бо Ҳабиб , бисёре аз варзишгарон онҳоро аз даст медиҳанд.
Аз Нурмуҳаммадов то Бузова: даромади ситораҳои ҷавони Русия чанд аст
Бояд қайд намуд, ки Нурмуҳаммадов охирин муҳорибаро октябри соли гузашта бо варзишкори ирландӣ Конор Макгрегер анҷом дода, унвони қаҳрамонӣ дар вазни сабукро ҳифз намуда буд.