ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Қаҳрамони муҳорибаҳои омехта, варзишкори машҳури русиягӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов боз ҳаводоронашро бо забондонӣ дар ҳайрат гузошт.
Ҳабиб ба забони тоҷикӣ ҷавонони тоҷикро насиҳат кард.
Ин бор Ҳабиб дар саҳифааш дар Instagram, аз Қуръони Карим мисол оварда ҷавонони тоҷикро ба омӯхтан даъват кард.
Дар навор Ҳабиб ҳамроҳи шиноси тоҷикаш Фаррух намоён аст. Фаррух аз варзишкор хоҳиш мекунад, ки ягон сухани оқилона гӯяд.
"Ба ҳама салом. Хонед, хонед, боз хонед", - гуфт бо табассум Ҳабиб.
Дар идомаи суҳбаташ размикор аз Қуръони Карим мисол оварда ба забони арабӣ мегӯяд "иқраъ" - "Хонед! Фақат тавассути омӯзиш метавон худро такмил дод", - таъкид мекунад Ҳабиб.
Ёдрас мешавем, ки ин суҳбати дуюмии Ҳабиб ба забони тоҷикӣ мебошад.
Пештар ҳам варзишкори русиягӣ бо ҳаводорронаш ба забони тоҷикӣ ҳарф зада буд.
Фаррух, дар як навори кӯтоҳ дар Instagram аз варзишкор хоҳиш карда буд, ки бо забони тоҷикӣ чизе бигӯяд.
“Сағера, биги дега”, - мегӯяд қаҳрамони UFC бо оҳанги хоси бисёри ҷавонони тоҷик.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Бисёр аз тамошобинони аз тарзи талаффузи бисёр монанди Нурмуҳаммадов ба ҷавонони тоҷик тавсиф кардаанд.
Фаррух инчунин дар саҳифааш аксу наворҳои дигарро аз ҳамнишинӣ бо Нурмуҳаммадов паҳн намудааст.
Феълан Ҳабиб Нурмуҳаммадов барои тамрин дар ИМА қарор дорад. Сабқати навбатии Нурмуҳаммадов бо Дастин Пуарре, варзишкори амрикоӣ 7 сентябр дар Абду-Дабӣ дар назар аст.