ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Ҳаҷиме Китаоке, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон ба мақоми фиристодаи махсуси Ҳукумати Ҷопон дар Эстония таъин шудааст.
Бар асоси тасмими Ҳукумат, ки расонаҳои ҷопонӣ онро нашр кардаанд, Китаоке кор дар мақоми навашро аз 10-уми сентябр оғоз мекунад.
Ҳаҷиме Китаоке соли 2016-ум ба мақоми сафири Ҷопон дар Тоҷикистон таъин шуда буд ва дар ин мансаб Такаши Камадаро иваз кард.
Тоҷикистону Ҷопон дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла тандурустӣ, нақлиёт, маориф ва дигар бахшҳо ҳамкорӣ доранд.
Ахиран Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҷопон созишномаи грантиро ба имзо расониданд, ки тибқи он ҷониби Тоҷикистон аз кишвари Ҷопон 90 адад мошини ёрии таъҷилиро ба маблағи 7 миллион доллар дарёфт мекунад
Дар доираи созишнома Ожонси Ҷопон доир ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ - "JICA", ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 7 миллион доллари амрикоӣ, 90 адад мошинҳои ёрии таъҷилиро ирсол мекунад.
Инчунин ВУХ Тоҷикистон охири моҳи август гузориш дод, ки маросими мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон дар бораи тарҳҳои "Таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар, қитъаи Қизилқалъа-Бохтар" дар Душанбе баргузор шуд. Манбаъ афзуда, ки Ёддоштҳои табодулӣ аз ҷониби вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Ҳаҷиме Китаока имзо шуд.
Манбаъ афзуд, ки ёддоштҳои табодулӣ аз ҷониби вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Ҳаҷиме Китаока имзо шуд.